Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти саволномаи тестӣ дар дарс

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Аз сабаби он ки имтиҳонҳои қабул ба макотиби олӣ ба таври тестӣ сурат мегиранд, бояд тарзи ба саволҳои тестӣ ҷавоб навиштанро ба хонандагони синфҳои поёнӣ омӯзонд. Бо ин мақсад бо супориши шуъбаи маорифи ноҳия аз тарафи мушовирон дар ҳамаи синфҳои ибтидоӣ (истисно синфҳои якум) дар охири ҳар як чоряки якум аз ҳамаи фанҳо аз ҳар як хонанда ба тариқи тестӣ бояд санҷиши дониш гузаронида шавад.  Баҳогузорӣ ба санҷишҳои тестӣ гузошта мешавад ва ин баҳоҳо дар журнали синфӣ қайд мегардад.

Мо тасмим гирифтаем, ки аз фанни забони модарӣ аз синфи дуюм cap карда, то синфи чорум ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ саволномаи тестӣ тартиб диҳем. Дар ҳар синф чор маротиба санҷиши тестӣ оид ба ҳар як марҳила тайёр намудем. Ҳамчун намуна санҷиши тестиро дар синфи 2 меоварем.

1. Аломати шартии луғат кадом ранг аст?

1.3ард 2.Кабуд. З.Сабз.

2.Муошират чӣ маъно дорад?

1.Шеърхонӣ. 2.Навиштан. З.Гуфтугӯ.

2. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст. Байт аз кадом шоир аст?

1.Рӯдакӣ. 2.Абдураҳмони Ҷомӣ. 3.Навоӣ.

3. Муқобилмаънои калимаи «дӯстӣ»-ро ёбед?

1.Некӣ. 2.Бадӣ. З.Душманӣ.

4. Ҳар як ҳиҷо аз чанд овози садонок иборат аст?

1.1-садонок. 2.2-садонок. 3.3-садонок.

5. Ҳиҷо аз калима бо кадом аломат ҷудо карда мешавад?

1.+2.=3.-

6. Алифбо аз чанд ҳарф иборат аст?

1.27 ҳарф.        2.35 ҳарф.      3.37 ҳарф.

б.Ҳарфҳоро менависем ва мехонем, овозҳоро чӣ?

1.Мебинем. 2.Талаффуз мекунем. З.Мехонем.

9,Ҳарфҳои садонок чандтоанд?

1. 10-то. 2.11-то, 3.12-то, 6-то.

10.Ҳарфи ӣ (ӣ- зада) дар куҷо меояд?

1.Дар аввал. 2.Дар мобайн. З.Дар охир.

11. Ҳарфҳои ҳамсадо чандтоанд?

1.22-то. 2.23-то. 3.24-то. 4.25-то

12.Ҳаммаънои калимаи «Ватан»-ро ёбед.

1.Меҳан, 2.Модар, 3.Ҳаёт.

 

 Зебунисо Ашӯрова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш