Нашрияи Омӯзгор

Тавоно ва эътирофшуда

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

 

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар қатори омилҳои дигар, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои байналмилалӣ бештар шуд. Яке аз ин гуна забонҳо, ба эътирофи умум, забони русӣ мебошад.

Ин забон дар даврони Шӯравӣ низ дар Тоҷикистон васеъ омӯхта мешуд, вале он вақт амалан мақоми расмиро дошт. Ҳоло забони расмии давлатии ҷумҳуриамон забони тоҷикист ва кулли забонҳои дигар  мақоми забони хориҷиро доранд. Аммо дар ин миён махсусияти забони русӣ дар Тоҷикистон дар он  зоҳир мегардад, ки ин забон барои муоширати байни миллатҳои гуногуни кишвар истифода мешавад. Забони русӣ, ҳамчунин, забони расмии ИДМ мебошад, ки Тоҷикистон низ узви он аст.

Бояд зикр кард, ки забони русӣ яке аз забонҳои тавонову эътирофшуда дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Он таърихи ғанию рангин дорад. Забони  русӣ аслан ба оилаи забонҳои славянии гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ворид мешавад. Забонҳои славянӣ дар марказу шарқи Аврупо, шимоли Осиё ва дар ҷумҳуриҳои ҳайати собиқ ИҶШС паҳн шудаанд. Умуман, забонҳои славянӣ ба се гурӯҳ тақсим мешавад, шарқӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ. Забони русӣ чун забонҳои беларусию украинӣ ба гурӯҳи шарқии забонҳои славянӣ мутааллиқ аст. Забони русӣ забони давлатии Федератсияи Россия ва яке аз забонҳои расмӣ дар баъзе ҷумҳуриҳои ИДМ (Қирғизистон ва Қазоқистон) мебошад. Мувофиқи маълумоти омории соли 2014 бо забони русӣ тақрибан 260 млн нафар муошират мекунанд. Забони русӣ яке аз шаш забони байналмилалии ҷаҳони имрӯза буда, дар чанде аз созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла, дар СММ, ЮНЕСКО, ИДМ, САҲА, СҲШ… ҳамчун забони расмӣ эътироф шудааст. Дар бисёр ҳамоишҳои байналмилалӣ забони русӣ васеъ истифода мешавад. Бо ин забон асарҳои фаровони бадеӣ ва илмию техникӣ эҷод карда шудааст. Осори илмию фарҳангии зиёде аз саросари олам ба забони русӣ тарҷума гардидааст. Дар байни забонҳои ҷаҳоние, ки аз онҳо бисёр тарҷума мекунанд, забони русӣ дар дунё мақоми ҳафтумро ишғол менамояд. Забони русӣ дар  истифода аз Интернет дар миқёси олам дар мавқеи дуюм қарор дорад.

Дар рушду такомул ва маъруфгардии забони русӣ ҳодисаҳои адабии асрҳои 18-19 дар Россия такони ҷиддӣ бахшиданд. Нависандагони барҷастаи рус А.С. Пушкин, М.Ю. Лермонтов, Н.В. Гогол, И.С.Тургенев, Ф.М. Достоевский, Л.Н. Толстой, А.П. Чехов, М. Горкий ва чанде дигар ба шуҳрати ҷаҳонии забони русӣ шуҳрати бештар афзуданд ва барои хеле ғанию пуртавон гардидани бунёди луғавии ин забони маъруф хидматҳои мондагору пурарзиш карданд.

Дар бораи мақому манзалат, эътибори ҷаҳонӣ ва қонуниятҳои лингвистии забони русӣ асарҳои зиёде офарида шудаанд. Шуҳрату эътирофи забони русӣ дар ҷаҳони муосир ҳамвора афзун мешавад.

 

Фарида Сафарова,

омӯзгори забони русӣ,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш