Нашрияи Омӯзгор

Маҳфили “Мубоҳиса бо забони англисӣ”

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Имрӯзҳо бо роҳандозии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020” – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мисли русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳо аз муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои ибтидоӣ оғоз меёбанд.

Ва новобаста ба оне, ки ба омӯзиши забони хориҷӣ, махсусан, забони англисӣ толибилмон якчанд сол машғул мешаванд, натиҷаи он на ҳама вақт қаноатбахш аст. Пурсуҷӯе, ки миёни муаллимон ва хонандагон гузаронида шуд, сабабҳои гуногуни ба чунин мушкилӣ дучор омаданро муайян намуд. Ақидае, ки раванди дарс талаботи академӣ дораду дар давоми он барои бо ҳар хонанда суҳбат кардан, фикри ӯро гӯш кардану баҳри такмили малакаи гуфтугӯии вай тавсияе додан имконият нест, метавонад диққати бархе аз мутахассисонро ҷалб намояд.

Масъалаи дигар дар он аст, ки ҳоло қисмати зиёде аз талабаҳо соҳиби донишҳои хуби назариявианд, матнҳоро хуб хонда тарҷума мекунанд, аммо қобилияти бо забони англисӣ суҳбат карданро надоранд. Онҳо наметавонанд озодона содатарин фикри худро баён намоянд. Дар ин хусус пешниҳод карда мешавад, ки ҳамчун воситаи беҳтар намудани натиҷаи забономӯзии хонандагон маҳфили “Мубоҳиса бо забони англисӣ” дар мактабҳо ташкил карда шавад. Чунин маҳфил метавонад бо назардошти хонандагон дар ҳафтае чанд маротиба ташкил шуда, хоҳишмандон малакаи забондонии худро дар он сайқал бидиҳанд. Бартарияти маҳфилҳои мубоҳисавӣ дар он аст, ки онҳо дар доираи мавзӯе маҳдуд намешаванд. Ба ҳар иштирокдор имконият дода мешавад, то фикри худро доир ба мавзӯъ баён намояд. Дар чунин маҳфилҳо доим шахсони лаёқатманд ҷамъ мешаванд, ин имконияти хубе мешавад, то онҳо аз ҳамдигар низ донишҳои нав биёмӯзанд. Аз ҳама муҳим, мушкилии аввалиндараҷаи навомӯзони забонҳои хориҷӣ  “монеаи забонӣ” дар ин доира метавонад бартараф гардад. Толибилмон сухан мегӯянд, сухан мешунаванд, дар баробари ин, аз нозукиҳои забони гуфтугӯӣ бохабар мешаванд. Албатта, қобилиятҳои эҷодии муаллимон ва хонандагон маҳдуд карда намешавад, онҳо китоб мехонанд, шеър азхуд мекунанд, матнҳои бадеию илмӣ тарҷума мекунанд, бо ҳам суруд мехонанд ва дар умум, кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар бо забони англисӣ ҳарф зананд. Чунон ки мегӯянд, беҳтарин мактаб ҳамонест, ки ба хонандагон натанҳо донишҳои назариявӣ медиҳад, инчунин, воситаҳои дар амал татбиқ намудани онҳоро низ меомӯзад.

 

Макнуна Раҳмонова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш