Нашрияи Омӯзгор

Шаш забони бонуфузи ҷаҳон

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Олами забонҳо хеле рангину ҷолиб ва омӯзанда мебошад. Ифодаву истилоҳоти забонҳои олам, таърихи забонҳо, забонҳои сернуфуз, оилаи забонҳо ва монанди инҳо дар худ тафсирҳоеро доранд, ки шоистаи омӯзиш ва хеле таваҷҷуҳбарангезанд.

Ибораи «забонҳои байналмилалӣ» низ имрӯз дар сатҳи ҷаҳон (албатта, бо ифода бо забонҳои гуногун) серистеъмолу маъмул мебошад. Чӣ гуна забонҳоро забонҳои байналмилалӣ (ё байналхалқӣ) меноманд? Ин гуна забонҳои миёнраве мебошанд, ки  барои муоширату гуфтугӯи байниҳамдигарии халқҳои гуногунзабон хизмат мекунанд. Дар мамлакатҳое, ки дар онҳо миллату қавмҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, як забон воситаи муоширати байни миллатҳои ҳамон мамлакатро иҷро мекунад, вале он на ҳамаҷо чун забони байналмилалӣ шинохтаву эътироф мешавад. Дар даврони нисбатан қадим ва дар асрҳои миёна забонҳои байналмилалӣ аз лиҳози ҳудуд ва шумораи истифодабарандагон доираи маҳдуд доштанд. Чунончи, дар Шарқи Қадим забони Хитойӣ мақоми забони байналмилалӣ дошт. Дар марҳилаи нави таърихи ҷаҳон бинобар васеъ гардидани муносибатҳои байналхалқӣ, махсусан, дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, илм, рушди ВАО,  пайдоиши Интернет, истифодаи истилоҳоти илмӣ, рушди фарҳанг забонҳои байналмилалӣ вусъати зиёд пайдо кардаву фарогир шуданд. Дар асри 18 забони фаронсавӣ ва минбаъд забонҳои англисиву олмонӣ мақоми байналмилалӣ  дарёфтанд. Забони русӣ дар асри 20 дар арсаи ҷаҳонӣ нуфуз пайдо карду дар қатори забонҳои байналмилалӣ ҷой гирифт. Ҳоло дар саросари дунё шаш забон мақоми забони байналмилалиро дарёфтаанду ҳамчун забони расмии СММ ва ЮНЕСКО пазируфта шудаанд. Инҳо забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитойӣ, русӣ ва фаронсавӣ мебошанду дар барномаҳои таълимии макотиби кишварҳои олам ворид гардидаанд. Дар миёни забонҳои байналмилалӣ забони англисӣ доираи нисбатан васеътари истеъмол дорад ва теъдоди донандагони ин забон дар арсаи ҷаҳон ҳамасола меафзояд. Муайян шудааст, ки ҳоло дар ҷаҳон беш аз 1,5 млрд нафар бо забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон дар 54 давлати ҷаҳон забони якум ё дуюми расмӣ шинохта шудааст.

Мазҳари забони англисӣ Британияи Кабир мебошад. Забони адабии англисӣ (ин забон чун забонҳои дигар шеваю лаҳҷаҳои зиёдеро фаро мегирад) маҳз дар ҳамин мамлакат  рушд ёфтааст. Бо забони англисӣ осори гаронбаҳои илмию сиёсию адабӣ ба вуҷуд омадаву захираҳои луғавии онро хеле такмил бахшидааст ва ин забонро яке аз  тавонотарин забонҳои ҷаҳон сохтааст. Дар Тоҷикистони мо низ забони англисӣ дар қатори забони русӣ ба таври васеъ омӯхта мешавад. Дар мактабҳо мувофиқи барномаи таълимӣ тамоми хонандагон ба омӯзиши ин забони бонуфузи байналмилалӣ ҷалб шудаанд. Солҳои охир ҳатто номи ташкилоту созмонҳо дар лавҳу овезаҳо дар  баробари забони тоҷикӣ ва русӣ бо забони англисӣ низ навишта мешаванд, ки ин далели дигари нуфузу эътибори забони мазкур мебошад.

Мавлонбӣ Сафарова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш