Нашрияи Омӯзгор

Дасти дуои модар

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 846        Шарҳ: 0

 

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар.

Воқеан ҳам, модар вожаест самимитарин, гармтарин, нафистарин, меҳрбортарин. Шоирон, нависандагон, бузургон беҳтарин суханҳояшонро ба модар бахшидаанду ӯро сурудаанд.

Ёд дорам; хурд будам, рӯзи дафни модаркалонам модарам «Ҳаҷҷи наздикам, бозори бепулам»-гӯён нола мекарданд. Гарчанде калимаи «ҳаҷ, бозор» шинос бошад ҳам, кӯдакона бо ҳайрат гӯш мекардам. Солҳо гузаштанд, бо дуою заҳматҳои модарам ба воя расидам, камол ёфтам, модар шудам. Вақте расид, ки худам «Ҳаҷҷи наздикам, бозори бепулам»-гӯён нола кардам. Дарк кардам, ки «Ҳаҷҷи наздик», «бозори бепул»-и модар чист?!

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст: «Сухане, ки модар мегӯяд, хеҷ кас намегӯяд».

Суханронии Пешвои миллат дар назди расми модари даст бар дуояшон, ки тавассути оинаи нилгул ҳамагон тамошо кардем, як дарси тарбиявии кушод – намунавӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, бахусус, аҳли маориф буд.

Мушкилкушо, азизон, дасти дуои модар,

Оромии дилу ҷон, дасти дуои модар.

Аз баҳри хоки меҳан, ӯ рамзи пойдорист,

Ҳам ифтихору имон, дасти дуои модар.

Кӣ гуфтааст, ки фариштагон вуҷуд надоранд?! Модар фаришта аст!

Ҳамду сано бод ба модар, ба сарчашмаи ҳаёти башар!

Манзура Исломова,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии

Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш