Нашрияи Омӯзгор

Кишвари мо маъвои ҳусн аст

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Нигоҳи жарф ва амиқ ба таърих ва тамаддуни инсоният рӯшан менамояд, ки сайёҳӣ, ба ибораи маъмули академӣ туризм, ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим роиҷ гардида.

Одамон бо ҳадафи пайдонамоии маълумоти вижа пиромуни зиндагӣ ва улуми мухталифи милали рӯи замин ба сафар мебаромаданд ва неку бадро меомӯхтанд.  Нобиғагони илму адаб низ бар он ақида буданд, ки сафар намудану ҷаҳон дидан беҳтар аз мол андӯхтану неъмати олам хӯрдан мебошад. Воқеан, саёҳат ба мамолики гуногун барои кашфи асрори ниҳони одамият, дарки ҳақиқати зиндагӣ, тавсеаи мафкура ва саломатии бадан бағоят манфиатбахш аст. Бузургони оламшумули тоҷик низ осори гаронарзишу ҷовидонаашонро маҳз дар натиҷаи ҷаҳонгардӣ бо далоили муътамаду раднопазир таълиф кардаанд.    

Дар дунё ҷамоҳири зиёде арзи ҳастӣ доранд, ки соҳаи сайёҳӣ аз бахшҳои умда ва асосии иқтисодиёти онҳо мебошад. (Фаронса, Испания, Австрия, Кипр, Малайзия, Туркия, Чин...). Соҳаи сайёҳӣ барои афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, содирот ва воридоди молҳои ниёзи мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳоти гуногун, аз ҷумла, нақлиёт, кишоварзӣ ва санъату ҳунар нақши бориз дорад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ дар кишварамон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда.

Дар сартосари Тоҷи-кистон имрӯзҳо дар доираи ин тадбир корҳои зиёди судманд ва мондагор анҷом мепазиранд. Дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ, ки макони туристӣ эълон гардидаанд, иншооти таъйиноти гуногун бунёд меёбанд.

Дар дунё навъҳои гуногуни туризм маъмул аст. Дар Тоҷикистони мо метавон намудҳои сайёҳии мавсимӣ, кӯҳнавардӣ, шикорӣ, вар-зишӣ, фарҳангию маро-симӣ ва кишоварзию обиро пурвусъат роҳандозӣ кард. Ин идда туризм як андоза замонавӣ маҳсуб мешаванд ва барои ривоҷи онҳо имконоти мусоид фароҳам аст. Маҳз шароит барои шаклҳои зиёди сайёҳӣ боис гардид, ки дар соли сипаришуда беш аз 411 ҳазор сайёҳ аз ҷамоҳири хориҷ кишвари моро интихоб карданд. Дар Тоҷикистон чанд соли охир саёҳати пиёдагардӣ, ки инфиродӣ сурат мегирад, рӯ ба инкишоф мебошад.

Диёри мо дорои чашмаҳои зиёди зулолу шифобахш аст. Боиси таассуф аст, ки тарғиб, ба ибораи дигар, рекламаи обҳои табобатии кишвар ба таври бояду шояд амалӣ намегардад. Мебояд, ки тавассути расонаҳои иттилоотӣ, хусусан, интернет муаррифии ин зумра чашмаҳо тавсеа бахшида шавад. Масалан, чашмаҳои шифобахши “Шоҳамбарӣ”, “Оби Гарм”, “Хоҷа-Обигарм”, гармчашмаи “Калтуч”, чашмаҳои маъдании “Анзоб”, “Гармчашма”, ҳамзамон, чашмаҳои дорои обҳои гарму хунуки “Чилучорчашма”, ”Яшилкӯл”, “Қизилработ” ва “Ҷелондеҳ” дар радифи беҳтарин чашмаҳои шифобахши ҷаҳон қарор доранд, вале тарғиби онҳо чандон самарабахшу ҷолиб нест. 

Яке аз омилҳои дигаре, ки таваҷҷуҳи саёҳонро бештар ҷалб менамояд, ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо маҳсуб меёбанд. Дар ҳама вилоёти Тоҷикистон ин гуна мавзеъҳо вуҷуд доранд. Танҳо дар ҳудуди Ховалинг, Даштиҷум, Сари Хосор, Танобчӣ, Чӯбек, зиёратгоҳҳои зиёде, аз шумули шаҳракҳои Мунк, Тоилиёт, Чолтов, Сайёд, Ҳулбук, Масҷиди Шоҳи Хомӯш, «Чилчанор» мақбараҳои Домулло Икром, Мавлоно Обиддин, Мавлоно Тоҷиддин, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ, Хоҷаи Нур, Хоҷа Муъмин, Хоҷа Сартез, Шайх Муҳаммадамони Валӣ, Шақиқи Балхӣ ва дигарон мавҷуд мебошанд.

Айни муддао мебуд, агар аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ харитаҳои географӣ, ҳамзамон, оид ба маконҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва ғайра китобчаҳои роҳнамо интишор карда шаванд. Ширкатҳои туристӣ низ тарғиби манотиқи сайёҳиро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар ривоҷ бахшанд.

Дар баробари сайёҳӣ муаррифӣ ва тарғиби ҳунарҳои мардумиро низ бовусъат бояд роҳандозӣ кард.

Мо имрӯз бо ифтихор мегӯем, ки гулдӯзӣ, зардӯзӣ, наққошӣ, кандакорӣ, матоъҳои гулбаст ва дигар ҳунарҳои мардумӣ баёнгари ҳунармандию чирадас-тии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд. Аз ин рӯ, ифтитоҳи мағозаҳои фурӯши чунин маҳсулот дар назди мавзеъҳои сайёҳӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Ҳоло дар ҷумҳуриямон таъсиси  Маркази пажӯҳи-шии илмӣ доир ба туризм талаби рӯз аст. Дар ин марказ олимони соҳа пайваста вазъи сайёҳиро дар кишвар мавриди тадқиқ қарор бояд диҳанд ва натиҷаҳои пажӯҳиши хешро дар шакли мақолоти илмӣ дар бонуфузтарин маҷаллаҳои бурунмарзӣ интишор бинамоянд.

Яке аз корҳои асосие, ки мутахассисон бояд ҳар чӣ зудтар анҷом диҳанд, таҳия ва нашри қомуси туристӣ бо чандин забон мебошад.

Латофат

Одинаева,

директори коллеҷи

информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш