Нашрияи Омӯзгор

Нақши китоби дарсӣ дар таълим

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Дар таълими мавзӯъҳои нав дар мактаб китоби дарсӣ нақши асосӣ ва муҳиму ҳалкунанда дорад. Маҳз тавассути китоби дарсӣ, ки таълими мавзӯъҳо дар он дар асоси барномаи таълимӣ пешниҳод ва омӯзонда мешаванд, устодону омӯзгорон ва хонандагон донишу маълумот ҳосил мекунанд, ҷаҳонбинии худро тақвият мебахшанд.

Яке аз ин гуна китобҳои ба завқу фаҳмиши хонанда созгору мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаби замон «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон» ба шумор меравад, ки муаллифони он олимони шинохта Х.Муҳаббатов, М.Раҳимов ва Ш.Ғаффоров мебошанд. Китоби мазкур, ки барои омӯзиши хонандагон дар синфи 9 пешниҳод гардидааст, ба тавсифи умумии иқтисодию географии ҷаҳон, сарватҳои табиӣ, аҳолию хоҷагии мамлакатҳо, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва робитаҳои иқтисодии беруна, ҳамчунин, омӯзиши мамлакатҳои олам бахшида шудааст. Бояд зикр кард, ки муаллифон ҳадафи таълими мавзӯъҳои китобро дар муқаддимаи он равшану возеҳ баён ва таъкид кардаанд.

Аз нигоҳи мо, китоб бо забони содаю фаҳмо таълиф гардида, истилоҳу вожаҳои душворфаҳми географӣ дар он камтар ба мушоҳида мерасад. Пас аз баёни ҳар як мавзӯъ аз ҷониби муаллифон ба хонандагон саволу супоришҳо, аз қабили «Худатонро санҷед» ва «Аз нигоҳи шумо» барин иловаҳои санҷишӣ ҷойгир карда шудааст. Дигар аз махсусиятҳои китоб он аст, ки расмҳо ва сурати харитаҳо равшану барҷаста ба чашм мерасанд. Чӣ тавре ки медонем, нақши харита низ дар омӯзиши фанни география хеле калон буда, тавассути донистани шаҳрҳои калон, пойтахти давлатҳо, ҷазираю нимҷазираҳо, кӯлу баҳру уқёнусҳо, кӯҳу биёбонҳо, қитъаю материкҳо ва дигар таркиботи ҷуғрофӣ хонанда донишу малакаҳои аввалияро аз ин фан ҳосил мекунад. Дар китоби «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон» ташаккулёбии харитаи сиёсии ҷаҳон ба давраҳои қадим, асрҳои миёна, нав ва навтарин ҷудо карда шудааст. Ба ақидаи муаллифон, чунин тақсимот шояд на ҳамаи паҳлуҳои инкишофи харитаи сиёсиро дар бар гирад, вале қонуниятҳои асосии онро инъикос менамояд. Ҳамин тавр, дар китоб масоили сиёсати демографӣ, ҳайати синфӣ, миллӣ ва нажодӣ, дин ва тамаддуни ҷаҳонӣ, мафҳуми урбанизатсия, мигратсияи аҳолӣ дар кишварҳои ҷаҳон тафсиру тавзеҳ ёфтаанд.

Мамлакат РАСУЛОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш