Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгори муосир бояд чӣ гуна бошад?

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Тамоми донишмандони соҳаи тарбия иттифоқи назар доранд, ки шоҳсутуни асосии таълиму тарбия омӯзгор ба ҳисоб меравад. Сирри  муваффақияти мактаб ба ҳама маъно дар шахсияти омӯзгор нуҳуфтааст. Шайхурраис Ибни Сино вобаста ба ин масъала чунин мегӯяд: “Тарбиякунандаи кӯдак бояд дорои сифоти зерин бошад: оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат”.

Мутахассисони соҳа чанде як зумра аз хусусиятҳои омӯзгориро зикр кардаанд, ки ба ин тариқ аст.

Якум: хусусиятҳои ҷисмӣ

Хусусияти ҷисмии омӯзгор ба се нуктаи асосии зерин ҷудо мешавад:

1. Комилан солим бошад, то тавонад бо муваффақият вазифаи касбии худро ба анҷом расонад

2. Аз айбҳои чашмрас ва ошкор, монанди каҷчашмӣ, лакнати забон ва ғайра орӣ бошад. Зеро дар сурати мавҷудияти айбҳои зикргашта омӯзгор мавриди масхараи хонандагон қарор мегирад. Ин дар адои вазифаи омӯзгорӣ таъсири манфӣ мерасонад.

3. Омӯзгор бояд нисбат ба либос ва сурати худ диққати ҷиддӣ зоҳир намояд. Бо сурати муносиб ва либоси тозаву озода ба дарсгоҳ ҳозир шавад, зеро талабагон одатан омӯзгорро аз ҳар ҷиҳат барои худ намунаи ибрат медонанд. 

Дуюм: хусусиятҳои ақлӣ ва илмӣ

Муваффақияти омӯзгор бештар ба заковат, ҳозирҷавобӣ ва жарфнигарии ӯ вобаста аст. Муаллим бояд мулоҳизакор ва нозукбину ҳамадон бошад. Омӯзгор, махсусан, бояд аз фанне, ки ба талабагон таълим медиҳад огоҳии комил дошта бошад. Инчунин, дар раванди таълим аз методҳои ҷадиди таълимӣ ба таври фаровон истифода намояд. 

Сеюм: хусусиятҳои ахлоқӣ

Шубҳае нест, ки шахсияти омӯзгор дар ақлу равони талабагон таъсири ниҳоят бузург мерасонад. Зеро онҳо зери таъсири шакли зоҳирӣ, ҳаракат, ишора, гуфтор ва ахлоқи ӯ қарор мегиранд. Ривояте ҳаст аз Уқба ибни Абӯсуфён. Уқба ибни Абӯсуфён ба мураббии писараш чунин гуфтааст: “Якумин ислоҳоте, ки ту нисбат ба фарзандони ман роҳандозӣ мекунӣ, бояд ислоҳи худат бошад. Аввал худро ислоҳ кун, зеро чашми онҳо танҳо аъмоли туро мебинад. Дар назари онҳо хубӣ ҳамон аст, ки ту онро хуб мепиндорӣ ва амали зишт он аст, ки ту онро қабеҳ донӣ”.

Матлаб Бобоев,

омӯзгори литсейи №3 барои хонандагони

болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш