Омӯзгорони геометрияро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати дониш, маҳорату малакаи эҷодии хонандагон ҳар як дарсашонро бо усулҳои фаъол ва истифодаи воситаҳои аёнии таълим гузаронанд.
Ҳангоми омӯзиши мавзӯи «Параллелограмм» дар синфи 8 ба хонандагон супориш медиҳам, ки дар дафтарашон намудҳои гуногуни хатҳои рости параллелро кашанд. Хатҳо бо қаламҳои ранга кашида мешаванд. Хонандагон таърифи хатҳои рости параллелро баён мекунанд, аз ҷисмҳо ва асбобу анҷоми дар синфбуда хатҳои рости параллелро нишон медиҳанд. Аз шогирдон мепурсам, ки дар бораи кадом хатҳо гуфтугӯ кардем? Онҳо чунин ҷавоб доданд: Хатҳои росте, ки дар ҳамворӣ якдигарро намебуранд, хатҳои рости параллел номида мешаванд. Агар калимаи параллелро бо воҳиди масса якҷоя намоем, параллелограммм (мавзӯи навбатӣ) – амон ҳосил мешавад.
Сипас, номи мавзӯи нав – «Параллелограмм» - ро дар тахта навишта, онро шарҳ медиҳам: Яъне, параллелограммм чӣ гуна чоркунҷа аст ва дорои кадом хосиятҳо мебошад? Ба хонандагон супориш дода мешавад, ки чоркунҷае созанд, то тарафҳои муқобилаш параллел бошанд. Сонӣ, худи онҳо таърифи параллелограмммро баён мекунанд: Чоркунҷае, ки тарафҳои муқобилаш ҷуфт – ҷуфт параллеланд, параллелограмм номида мешавад.
Дар болои миз шаклҳои геометрии чоркунҷа, секунҷа ва параллелограммм гузошта мешаванд. Гурӯҳҳо номҳои секунҷа, чоркунҷа, параллелограммро мегӯянд. Ҳамин тавр, ба гурӯҳҳо чунин супоришҳо дода мешавад: А). Чоркунҷае созед, ки ду тарафаш 4 см, ду тарафи дигараш 2 см бошад. Б). Чоркунҷае созед, ки тарафҳояш 5 см бошанд. В). Чоркунҷае созед, ки ду тарафи муқобилаш 3 см ва ду тарафи дигараш 2 см бошад. Периметри ин чоркунҷаҳоро ҳисоб кунед. Барои иҷрои ин кор се дақиқа вақт кифоя аст. Ҳар як гурӯҳ ба дараҷаи фаҳмиш ва дарккуниаш супоришро иҷро карда, натиҷаи корашро муаррифӣ менамояд. Машқҳо дар варақаҳои алоҳида бо истифодаи асбобҳои нақшакашӣ иҷро карда мешаванд.
Аз расмҳои кашидаи хонандагон дар варақҳо хулоса мебарорам, ки хонандагони ҳар се гурӯҳ расми як намуди чоркунҷаро кашидаанд, ки ин росткунҷа ном дорад. Пас аз он дар тахтаи синф ҳамагуна расмҳои параллелограммро, ки бо қаламҳои ранга кашида шудаанд, меовезам. Хонандагон расмҳоро муоина менамоянд ва чунин супориш мегиранд: расмҳоро аз назар гузаронда, дар бораи параллелограммм маълумот тайёр намояд. Пас аз 5 – 7 дақиқа шогирдон онро ба таври нақша тасвир мекунанд.
Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои ҳаррӯза ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки хонандагонро ба дарс бештар ҷалб намуда, қобилияти эҷодӣ, фикрронӣ ва мустақилияти онҳоро ташаккул диҳанд.
Ҷаҳоноро АСКАРОВА,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр