Нашрияи Омӯзгор

Омили самараноки таълим

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду тақвият бахшидан ба усулҳои нави таълим - муносибати босалоҳиятро дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ҷорӣ намудааст, ки аз усулҳои пешрафта ва муҳим дар таълим, хусусан, зинаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошад.

Ин муносибат, ки татбиқаш дар соли таҳсили 2016 - 2017 оғоз гардидаасту то соли 2020 бояд пурра амалӣ гардад, метавонад дар инкишофу ташаккули дониш, малака ва маҳорати хонадагон нақши муҳим бозад. Муносибати босалоҳият омӯзгор ва хонандаро водор месозад, ки бисёртар меҳнат намоянд, ҷустуҷӯ карда, мушкилиҳои дар раванди таълим ба вуҷуд омадаро ҳал намоянд.

Дар амалӣ гардидани ин усули таълим нақши китоби дарсӣ, замима ба китоби дарсӣ ва роҳнамои омӯзгор низ хеле муҳим аст. Китоби дарсӣ ва замима ба китоби дарсӣ аз фанҳои забони модарӣ ва табиатшиносӣ барои синфҳои ибтидоӣ бо сифати баланд нашр гардидаасту василаи хуби ёрирасон барои омӯзгорон мебошанд.

Китоби «Табиатшиносӣ» барои синфҳои 1 - 4 хеле ҷолиби диққат буда, дар он мавзӯъҳо мушаххас ва ба синну соли хонандагон мувофиқ оварда шудаанд. Дар китоб саволнома, тестҳо ва ҷумлаҳо оид ба ҳар як мавзӯъ ҷолиб буда, хонандагонро водор месозанд, ки фикрашонро оид ба ин супоришҳо баён созанд.

Инчунин, ҷавоби дуруст ба ин супоришҳо дар хотири хонанда нақш баста, ӯ оид ба мавзӯи ҳамонрӯза маълумоти мушаххасе мегирад. Кор бо кластер ва пур намудани ҷадвалҳои гуногун низ дар ин китоб хонандагонро ба мустақилона кор кардан, фикрронӣ ва баёни ақидаҳо раҳнамоӣ мекунад.

Корҳои гурӯҳие, ки дар китобҳои «Табиатшиносӣ» (дар замима ба китоби дарсӣ ва раҳнамои омӯзгор) ва «Забони модарӣ» оварда шудаанд,  худ гувоҳи ин гуфтаҳоянд, ки дар ташаккули дониш, малака, маҳорат ва ҷаҳонбинии хонандагон нақши муҳим мебозанд.

Инчунин,  дар китоби «Забони модарӣ» овардани расмҳои рангаи мақсаднок хеле ҷолиб аст.  Хонандагон аз рӯи калимаҳои зери расм, ки ба таври пароканда оварда шудаанд, ҷумла, ҳикоя ва афсона тартиб дода, бо ин роҳҳо инкишофи нутқашонро такмил медиҳанд. Дар навиштани ҷумла, ҳикоя ва афсона фикрашонро ба таври хаттӣ баён намуда, тарзи дурусту беғалат навиштанро  меомӯзанд ва азбар мекунанд. Ин, албатта,  дар оянда барои навиштани имло, нақли хаттӣ ва иншо як заминаи хубе хоҳад шуд.  

Муносибати босалоҳият метавонад сифати таълимро баланд бардошта, ба хонандагон дар мустақилона кор кардан, озодона иброз намудани фикру ақида ва андешаҳояшон, ба хаёлан ворид шудан ба олами афсона, ба баҳо додан ба ҳамдигар водор намуда, дар тафаккури онҳо таваҷҷуҳ ба озодфикрӣ, эҷодкорӣ, эҳтироми ҳамдигар ва дигар хислатҳои неки инсониро бедор менамояд.

Сурайё ОТАХОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш