Тибқи ақидаи маълум, ҳеҷ чиз дар ҷои холӣ ба вуҷуд намеояд ва ҳар падидаи нав заминае дар собиқа дорад. Ин нуктаро дар соҳаи таълиму тарбия низ метавон ба мушоҳида гирифт.
Бо мурури замон дар натиҷаи таҷрибаву пажӯҳишҳо таълиму тарбия такмил меёбад ва ба ин, пеш аз ҳама, корбасти методу усулҳои нав, такмили онҳо мусоидат мекунад. Солҳои охир дар байни аҳли маориф ибораи «муносибати босалоҳият» маъмул гаштааст. Ин пешниҳоди тоза ба мактабҳо буда, ба тақвияти омӯзиши хонандагон ва пешбару пурсамар кардани ҷараёни таълиму тарбия нигаронида шудааст.
Талаби асосии муносибати босалоҳият он аст, ки дар дарс бояд хонандагон фаъолияту ҷидду ҷаҳди эҷодкорона ва муассир дошта бошанд. Маълум, ки ин гуна ҳадаф қаблан низ дар дарсҳо ҳукмрон буд, вале муносибати босалоҳият бо тафсири ҷиддӣ ва бо ташреҳи асосманди методӣ усулҳои фаъолсозии шогирдонро дар давоми дарс пешниҳод мекунад. Бояд гуфт, ки чун дар атрофи ҳар падидаи нав оид ба муносибати босалоҳият низ мулоҳизаҳои мутахассисону донишмандон ва омӯзгорон гуногун аст. Яке аз мутахассисони варзидаи педагогикаи рус Т.Е.Исаева вобаста ба мафҳуми салоҳият чунин ибрози назар кардааст: «Махсусияти салоҳият дар қобилияти шахс ҳангоми истифодаи донишҳои андухта, малака ва маҳорати бадастомада, бунёди мазмунҳои нав, иттилои нав, объектҳои воқеият дар ҷараёни худтакмилдиҳии муттасил зоҳир мешавад». Пажӯҳишгарон нуқтаи назари ҳамагонро ба инобат гирифта, вобаста ба мафҳуми салоҳият дар соҳаи педагогика асосан хулосаи зеринро ҷонибдорӣ кардаанд: «Салоҳият маҷмӯи якҷояшудаи дониш, малака ва маҳоратро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи таҷрибаи амалӣ ва фаъолият бо истифодаи ин донишҳо ба даст омадааст».
Татбиқи муносибати босалоҳият дар ҷараёни таълиму тарбия дар давоми солҳои охир дар синфҳои поёнӣ бартарӣ ва манфиатнокии онро собит сохт. Ин усули таълим ҳамкории аҳли синф ва фаъолнокии онҳоро тақозо дорад, ки дар натиҷа қобилияти эҷодкории шогирдон рушд меёбад. Хонандагон водор мешаванд, ки ба андеша фурӯ раванд, изҳори ақида намоянд, нуқтаи назар ва мулоҳизаҳояшонро ҳимоя кунанд. Саволу супоришҳо аз ҷониби омӯзгор, ки бештар нақши нозир ва доварро мебозад, чунон пешниҳод мешаванд, ки ҷавобҳои гуногун ва мубоҳисаро талаб мекунанд.
Салоҳиятҳои асосии хонандагон дар эҷодкорӣ, тафаккури интиқодӣ, маҳорати омӯзиш, истифодаи иттилоот ва ҳамкорӣ аз ҷониби онҳо зоҳир мешавад.
Муносибати босалоҳият дар таълиму тарбия тадриҷан ба амал оварда мешавад ва барои ин аҳли синфро омода бояд кард. дар татбиқи муносибати босалоҳият омӯзгор нисбат ба худи дарс пеш аз оғози он фаъолтар мебошад. Ин ҷо омодагии ӯ ба дарс дар назар аст. Дар давоми ду-се соли охир омӯзгорон вобаста ба корбасти низоми салоҳиятнок дар дарс таҷрибаи муайян ба даст овардаанд. Аз ин рӯ, ҳамкорию табодули таҷриба байни онҳо оид ба ин мавзӯъ хеле муфиду самаровар хоҳад буд.
Дилбар РОФИЕВА,
омӯзгори гимназияи
хусусии «Тоҷикистон»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр