Нашрияи Омӯзгор

Табиат хатоҳоро намебахшад

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Манбаъҳои ифлосшавии муҳити зист дар шаклҳои гуногун ба табиат ворид гардидани миқдори зиёди партову ифлосиҳое мебошанд, ки дар ҷараёни истеҳсолоту истеъмоли ҷамъияти инсонӣ ҳосил мешаванд.

Талабот барои қонеъ гардонидани маводи истеъмолӣ ва маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, инчунин, коркарди сарватҳои зеризаминӣ ҳамарӯза афзуда, дар баробари ин, ба тозагии муҳит аҳамияти кам дода мешавад. Ба ибораи дигар, инсон бо дасти хеш тамоми муҳити зиндаро ба нестшавӣ мувоҷеҳ сохта истодааст. Якчанд мисол: шаҳри Дзержинскийи Федератсияи Россия соли 2003 ба китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун шаҳри ифлостарин дохил шуд. Заводи химиявии ин шаҳр бо партовҳои заҳрноки зери хокшудааш сабаб шудааст, ки ба олами наботот ва ҳайвонот зарари зиёде расонида шавад.

Шаҳри дигари Федератсияи Россия - Норилск аст, ки бо аҳолии ҳаштодҳазорнафараи худ буҳрони экологиро аз сар гузаронида истодааст. Заводи маъдан ва коркарди металлҳои ин шаҳр зиёни зиёде ба муҳити атроф расонидааст. Аз гарду дуди ғализи ин корхона, ҳатто дар ҳавои кушод либос овезон намекунанд. «Барфи сиёҳ» аз дуду чанги ин ҷо як рӯйдоди ҳаррӯзаи муқаррарист.

Дар Бангладеш фабрикаи бофандагӣ ва коркарди чарм ҷойгир аст. Партовҳои ин фабрика ҳамарӯза 22 ҳазор литр партови химиявии заҳрнокро ба дарёчаи маҳаллӣ мерезанд, ки аз таъсири он бо касалии саратон дучор шудани аҳолӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Нишондиҳандаи дарозумрии сокинони ин минтақа кам гаштааст.

Дар Ҷумҳурии халқии Чин дар кони коркарди ангишт-Линфен, аз гарду чанги ангишт касалии саратони шуш ба аҳолии 3 - миллионнафараи ин мавзеъ фишор овардааст. Зиёдшавии касалиҳои дигар истисно нест. Албатта, зарари корхонаҳои саноатӣ ба худи мо зиёдтар аст. Ва ин сабаб намешавад, ки мо аз ин даст кашем, лекин ба қадри ҳол лозим аст, ки барои безараркунонии партовҳо ва ҷойгиркунонии соҳаҳои саноат диққати махсус дода шавад. Зеро табиат хатоҳоро намебахшад.

 

Дилрабо Азимова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш