Нашрияи Омӯзгор

Зимистонро чӣ тавр мегузаронанд?

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мавсими зимистонгузаронӣ оғоз ёфтааст.

Мутахассиси бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Раҷабов дар суҳбат ҷараёни зимистонгузарониро дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба миқдори 3099 (100%) тонна ангишт, 13453 (100%) м3 ҳезум, 15718 (100%) литр сӯзишвории дизелӣ захира шуда, инчунин, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли сармо аз 333 адад генераторҳои барқӣ 313 адад, аз 110 адад буғхона 69 адад, 2737адад печи барқӣ ва 5660 адад печи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Тибқи маълумоти сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб А.Раҳмонзода, муассисаҳои таълимии шаҳр мувофиқи нақшаи имсола барои зимис-тонгузаронии муассисаҳои таълимии шаҳр 133 (100%) тонна ангишт, 404 м3 (100%) ҳезум ва 588 (100%) литр сӯзишвории дизелӣ харидорӣ ва захира намуданд. Айни ҳол 15 муассисаи таълимии шаҳр бо барқи озод пайваст буда, бо 926 печи барқӣ гарм карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки 43 муассисаи таълимӣ бо 459 печи аловӣ таъмин буда, синфхонаҳо бо ангишту ҳезум дар мавсими зимис-тон гарм карда мешаванд. Дар шаҳр 42 муассисаи таълимӣ ва 9 кӯдакистон бо барқи озод ва 11 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд. Тамоми кӯдакистонҳо бо ангишт пурра таъминанд. Қайд кардан зарур аст, ки дар омодагӣ ба фасли зимистон саҳми раисони АВО-и муассисаҳои таълимӣ калон аст.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Олимҷон Табаров чунин иброз дошт: - Аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати зимистонгузаронии имсола барои харидорӣ намудани 80 тонна ангишт, 2420 куб ҳезум ва 2600 литр сӯзишвории дизелӣ 318 ҳазору 212 сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Айни ҳол 80 тонна ангишт (100 %), ҳезум 2420 куб (100 %) ва 2600 литр (100 %) сузишвории дизелӣ харидорӣ гардида, ба анборҳои муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас шудааст. Дар ноҳия 11 муассисаи таълимӣ бо барқи озод таъмин буда, 4 муассисаи таълимӣ тариқи буғхонаҳо гарм карда мешаванд. Барои гарм кардани синфхонаҳои таълимӣ 301 гармидиҳандаи барқӣ, 420 адад печи аловӣ ва 12 адад генератори барқӣ мавриди истифода қарор доранд. Муассисаи таълимии №8 (директораш О.Давлатов) дар деҳаи Боғи Ҳабиби Ҷамоати деҳоти Балхобӣ воқеъ гардидааст. Бо директори мактаб синфхонаҳоро аз назар гузаронидем, гарму тозаю озода буданд. С. Давлатов иброз дошт, ки барои зимистонгузаронии имсола бо маблағи 6000 сомонӣ аз ҳисоби АВО-и мактаб ва 4000 сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ ҷудо гардид. Муассисаи номбурда бо 8 адад печи барқӣ ва 18 адад печи аловӣ гарм карда мешаванд. Муассисаи таълимии №39-и деҳаи Туто (директораш Давлатаҳмад Абдуллоев) бо барқи доимӣ пайваст мебошад. Дар анбори мактаб 15-20 куб ҳезум, 1 тонна ангишт ва 60 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ситоди махсуси зимистонгузаронӣ таъсис дода шудааст. Барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши 2019-2020 аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 202 ҳазору 60 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, барои харидорӣ намудани 578 тонна ангишт, 1073 куб ҳезум ва 4300 литр сӯзишвории дизелӣ масраф гардидааст, ки ин иҷроиши нақшаи солонаро 100% таъмин мекунад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш