Нашрияи Омӯзгор

Таълимгоҳи намунавӣ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Аз 60 таълимгоҳи ноҳияи Муъминобод куҳантаринашон таълимгоҳҳои №2,3,4,6 ва 7 мебошанд. Дар давоми 70 сол мактаби №7 садҳо нафарро ба шоҳроҳи зиндагӣ ҳидоят кардааст.

Айни ҳол дар  мактаби мазкур  811 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 55 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд, ки 26 нафарашон бонувонанд. Байни онҳо муаллимаҳои варзидае ҳастанд, ки бо фаъолияти пурсамарашон ибрати дигарон гардидаанд. Ду нафари онҳо - Хайринисо Холматова аз забони русӣ ва Хуршеда Нозимова аз забони модарӣ дарс мегӯянд. Муаллимаҳо Хайринисо 31 сол ва Хуршеда 15 сол ба ин касби пурифтихор машғуланд. Маҳз бо шарофати амали шоистаи онҳо порсол аз 68 нафар хатмкунанда 56 нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

Чизи дигаре, ки боиси ифтихори таълимгоҳ гардидааст, ин ҳар сол ғолиб омадани шогирдон дар олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявист.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ имсол дар назди мактаб 10 синфхонаи иловагӣ сохта хоҳад шуд. Ин боиси боз ҳам беҳбудӣ ёфтани таълиму тарбия хоҳад гардид.

 

Насиба Ҳасанова,

сокини деҳаи Кулдамон,

ноҳияи Муъминобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш