Нашрияи Омӯзгор

Эътибори ҷиддӣ ба таҳсили фарогир

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Солҳои зиёд кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта намешуданд, ё онҳоро ба муассисаҳои таълимие, ки кӯдакони муқаррарӣ таълим мегиранд, қабул намекарданд. Аз ҳамин сабаб, талабот ба ислоҳи чунин шакли таълим пеш омад.

Таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд шароити махсусро талаб менамояд. Дар раванди таҳсилоти кӯдаконе, ки талаботи махсус дорад, тамоми намудҳои зӯроварии равонии (психологии) кӯдаконро пешгирӣ карда, бо ҳамаи онҳо (ҳатто кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногуни равонӣ ва асаб) имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамроҳи кӯдакони солим таҳсил карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Бояд гуфт, ки таълими хонагӣ ин шеваи нави таълимӣ буда, омӯзгорон, новобаста аз ҷойи зисти хонандагон, ба хонаи онҳо рафта, бо ин кӯдакон машғулиятҳо мегузаронанд. Барномаи ёрирасон дар таълими хонагӣ, бо дарназардошти имкониятҳои хонанда, бо пешниҳоди ташхиси тиббӣ сохта мешавад. Ҳамчунин, месазад, ки хонандагони имконияташон маҳдуд бо маводи таълимӣ аз тарафи мактаб сари вақт таъмин карда шаванд ва барои омӯзгорон курсҳо ва семинарҳои махсуси дастурдиҳӣ ташкил карда, онҳо бо дастурҳои методӣ таъмин карда шаванд. Умуман, тамоми  чораҳоро андешидан лозим аст, ки кӯдакони маъюб худ-ро ҳамчун шахсони солим ва комилҳукуқи ҷамъият ҳис карда, бо ҳамсолони худ якҷо таҳсил намуда, соҳибмаълумот гарданд ва ба халқу Ватан хизмат кунанд.

Фирӯза

Абдуллоева,

ҷонишини сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш