Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври вилоятии озмуни «Таҳияи бизнес – нақшаҳои соҳибкорӣ» оид ба муаррифии имконият ва иқтидори сайёҳии вилоят байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд баргузор гардид.
Донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмуни мазкур 10 лоиҳа пешниҳод намуданд. Ба ҳайати комиссия аз ҳисоби масъулини шуъбаҳои рушди сайёҳӣ, иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, раёсатҳои маориф, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, рӯзноманигорон шомил буданд.
Ҳамзамон донишҷӯён - шаҳрвандони хориҷӣ низ дар озмун иштирок доштанд. Боиси ифтихор аст, ки Саиднисохон Маҳмудова-донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони факултаи бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ бо лоиҳаи «Приложение “TOURLINE”» сазовори ҷои якум ва Аюбхон Мамадҷонов (шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон) донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонии факултаи бизнес ва идоракунӣ бо лоиҳаи «Тайёр кардани шириниҳо дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории давлати Ӯзбекистон» сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр