Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои нишондодҳои Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 таҳти унвони «Танҳо дар ваҳдату ҳамбастагӣ мо метавонем коррупсияро барҳам диҳем!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия аксияи зиддикоррупсионӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори адлия Васлибек Назриён ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Музаффар Бобоҷонов иштирок карданд.
Меҳмонон доир ба таърихи баимзорасӣ ва ҳадафҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳарф заданд. Таъкид гардид, ки дар замони муосир масъалаи мубориза бо коррупсия ба яке аз мавзӯъҳои калидии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, табдил ёфтааст. Баланд гаштани сатҳу шиддати коррупсия боиси заиф гаштани арзишҳои демократӣ, паст гаштани асосҳои ахлоқӣ, маънавиёти ҷомеа ва коҳиш ёфтани обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад. «Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза ҳар як шаҳрванд, тамоми аҳли ҷомеа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ набояд бетараф бошанд». Ин суханҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллатро бояд ҳар кадоми мо, новобаста аз он ки дар ҷамъият ба кадом мақому манзалат соҳибем, донишҷӯ ҳастем ё омӯзгор, корманди одӣ ё шахси мансабдор, бояд сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Варақаҳои иттилоотию тарғиботии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки мазмунан муҳтавояшон омилҳои пайдоиш, хатарҳо ва роҳҳои мубориза бо коррупсияро фарогир буд, дастраси ҳамагон гардид.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр