Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон - Ирландия: табодули академӣ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш намояндагони Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд мустақар аст, дар ҳайати ректор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ва мушовири ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Абдураҳим Ҷӯраев аз сафари кории “Ҷазираи Зумуррадгун” - Ирландия баргаштанд.

Ташрифи расмии намояндагони яке аз беҳтарин макотиби олии кишвари моро  раёсати Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Ирландия (SERC) дар асоси тафовуқномаи тарафайн тақозо намуданд.

Ҳамкории ояндаи Дониш-гоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки воқеан, зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон маҳсуб мешавад ва  яке аз маърифатгоҳҳои машҳури аврупоӣ- Коллеҷи минтақавии  ҷанубу шарқии Ирландия, ки имрӯз дар он намояндагони наздик ба 70 мамлакати ҳамаи қораҳои олам  илм меомӯзанду  муассисаи мазкур бо бузургтарин ва машҳуртарин ширкатҳои олам, аз қабили  Coca Cola,Bombardier Aerospace, Nitronica, Canyon Europe, Red Raven ва ғайраҳо робитаҳои зич ба роҳ мондааст, барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш хоҳад буд.

Ҳадаф аз ташриф ба кишвари дурдаст - Албиони Туманпӯш (Англия), хоса ба Ирландияи Шимолӣ, чӣ буд? Мо ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин суол ба мушовири ректори донишгоҳ - яке аз муаллифони лоиҳаи нави дуҷониба Абдураҳим Ҷӯраев муроҷиат намудем.

- Донишгоҳи мо, бо вуҷуди ҷавон будан, бо бештар аз 65 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои мухталифи дунё риштаҳамкорӣ пайвастааст, - гуфт Абдураҳим Ҷӯраев. Мақсади асосии мо аз ин лоиҳа ба роҳ мондани мубодилаи устодону донишҷӯён аст, яъне, ҳамон кори муҳимтаринест, ки бо аксари кулли ҳамкоронамон ба роҳ монда, аз таҷрибаи мактабҳои олии пешқадами кишварҳои дуру наздик баҳраҳои фаровоне гирифта истодаем.

Мавсуф таъкид кард, ки муддати қариб ду сол фаъолияти тамоми муассисаҳои таълимии дунёро омӯхта, ба хулоса омадааст, ки маҳз SERC - Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Ирландия муассисаест, ки аз бисёр ҷиҳат ба донишгоҳи тоҷикистонӣ шабеҳу қарин буда, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба ҳар ду ҷониб манфиатҳои назаррас бахшиданаш мусаллам хоҳад буд.

-Яке аз мураттибони лоиҳа камина ҳастам ва он на фақат аз ҷониби садорати Коллеҷи минтақавии ҷанубу  шарқии Ирландия, зиёда аз ин, аз тарафи Комиссияи аврупоӣ низ баҳои баланд гирифта, ҳамоно ба маблағгузорӣ фаро гирифта шуд,- бо қаноатмандӣ мегӯяд Абдураҳим Ҷӯраев. ҳамкорони ирландӣ аз пешрафти кори шарикони тоҷикистониашон рӯҳбаланд гардида, моро ба хотири муҳокима ва баррасии мушаххасоти лоиҳа ба Ирландия таклиф намуданд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи навбатии ДДҲБСТ-ро дастгирӣ намуд ва ризоияти Раҳбари давлатро ба сафари расмии ҳайати тоҷикистонӣ гирифт. Ҳамин буд, ки аз 11 то 16-уми ноябри соли равон намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Ирландия қарор доштанд. Ҳамкорони тоҷикистониро директори Коллеҷи мин-тақавии ҷанубу шарқӣ ҷаноби Кен Веб, сардори хадамоти муносибатҳои байналмилалии муассиса Клея Ҳендерсон ва менеҷери хадамоти рушди муносибатҳои байналмилалии SERC Элейн Макковн бо камоли эҳтиром пазироӣ карда, ҳамоно мулоқоти меҳмонони тоҷикистониро бо омӯзгорон ва кормандони масъули шуъбаи муносибатҳои байналмилалии коллеҷ созмон бахшиданд.

Дар семинари шиносоӣ ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир зарурат ва ҳадафҳои ҳамкории муассисаҳои тоҷикистонӣ ва ирландиро таъкид карда, ба мизбонон аз  дастовардҳои донишгоҳ нақлҳои шавқангез намуд.

Мушовири ректор А. Ҷӯраев баробари аз муносибатҳои байналмилалии ДДҲБСТ маълумот додан ҳозиронро бо муҳтавои лоиҳаи нави ҳамкорӣ шинос намуд. Байни шарикон суҳбати самимӣ баргузор шуда, тарафҳо дар муҳити озод перомуни ҳусну қубҳи лоиҳа изҳори назар намуданд. Натиҷаи чунин ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки дар мизи мудаввар бори дигар ҳамаи бобу моддаҳои лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дода, дар ниҳояти кор созишномаи ҳамкории ДДҲБСТ ва SERC- Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Ирландия таҳия карда шуд.

-Сафари мо хеле пурбарор буд, - изҳор дошт бо қаноатмандӣ ректори ДДҲБСТ Шарифзода Муъмин Машокир.-Тарафҳо ба мувофиқа расидем, ки ҳамкории расмии мо пас аз имзои шартнома ду сол идома ёфта, дар ин давра 10 сафар баргузор карда мешавад, аз ҷумла 4 сафар аз ҷониби омӯзгорону кормандони маъмурӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии  Ирландия ба ДДҲБСТ ва 6 сафар аз тарафи шарикони тоҷикистонӣ ба Ҷазираи Зумуррадгун. Итминони комил дорам, ки ҳамкорӣ бо яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Дунёи Кӯҳан ба пешрафти ҳамаҷониба ва боз ҳам баландтар гардидани рейтинги Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Тарафҳо қарор доданд, ки дар давоми моҳҳои апрел- майи соли 2020 ҳайати кории SERC ба Хуҷанд ташрифи ҷавобӣ доир менамояд ва дар Ин ҷо шартнома дар доираи лоиҳаи махсус ба имзо расонида, ба ҳамкорӣ оғози расмӣ бахшида мешавад.

 

Солеҳи ЗАРИФЗОД,

рӯзноманигор,

шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш