Китоб махзани илму адаб, ганҷинаи ақлу хирад, манбаи донишу маърифат ва калиди мушкилкушои инсон аст.
Китоб сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ба ҳисоб рафта, пояи асосӣ дар ҳаёти иҷтимоии башар буда, маҳз тавассути он ҷомеа метавонад ба баландтарин қуллаҳои ҳаёт бирасад. Халқи тоҷикро маҳз аз мероси илмию адабӣ доштанаш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанд. Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, бузургони халқи тоҷик маҳз тавассути мутолиа ва таълифи осори пурарзиш ба мақсад расидаанд. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки қариб дар ҳамаи осори шоирони тоҷик васфи китоб ба назар мерасад. Китоб мавзӯи асосии таълифоти манзуму мансури шоирону нависандагони тоҷику форс ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурустро дар ҳаёт пеша кунад, аз таъриху фарҳанги худ бохабар шавад. Ҳарчанд солҳои охир истифодаи зиёди интернет насли ҷавону наврасро аз мутолиа дур кардааст, аммо боз ҳам кӯшишу заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар баҳри солимфикрӣ ва пешравии ҷомеа бе натиҷа нахоҳад монд. Чунон ки Роҳбари давлатамон таъкид намудааст: «Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд».
Воқеан, имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки чӣ гуна озмунҳо барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши насли ҷавону наврас ташкил мегарданд. Маҳз китоб аст, ки инсон роҳи ояндаи худро равшан месозад, аз тамоми ҷаҳлу торикӣ худро ҳифз мекунад.
Ситора АНДАЛЕБОВА,
Оламбӣ Алиева,
омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр