Нашрияи Омӯзгор

«Ҳуши сунъӣ» - тозатарин падидаи технологӣ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Бешак, ҳар як фарди замонавӣ мехоҳад дастрасии бештар ба иттилоот дошта бошад, ба ҳаллу фасли муаммо ва ё «Тести Тюринг» наздик шавад. Феълан маҳз ҳамин масъала мавриди таваҷҷуҳи донишмандони самти «Ҳуши сунъӣ» ва ё «Ақли маснуӣ» қарор гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки «Ҳуши сунъӣ» таърихи бостонӣ низ дорад, албатта, дар қиссаҳову ривоятҳо. Дар умқи таърих риёзидонҳову файласуфон перомуни истидлолу (далеле бурҳон ва ҳуҷҷат пеш овардан) мантиқ баҳсу мунозираҳое доштанд. Дар афсонаҳои Юнони бостон одамшаклҳо бовар доштанд, ки бояд як тамаддуни бузургеро рӯйи  кор оваранд. Дар ин афсонаҳо  муҷассамаҳои шабеҳи инсон   ба ҳаракат даромада буданд ва ҳатто Ҷобир бинни Ҳайён (Абӯ Мӯсо   Ҷобир бинни Ҳайён ас Сӯфӣ – кимиёгари барҷастаи Эрон дар бахши кимиё, табибу дорусоз ва риёзидону мунаҷҷим. Зодаи шаҳри Тӯс, дар   хонаводаи дорусоз-Ҳайён ал  Яздии хуросонӣ   ба дунё омадааст. Дар Урупои қурунивустоӣ бо исми лотинии Гебер маъруф аст. Соли 813  дар Ал - Куфаи Ироқ фавтидааст.) ва чанде дигарро созандагони мавҷудоти маснуӣ талаққӣ менамуданд. Айни замон ин тахайюлот ба ҳақиқат табдил ёфтааст. Дигар, ҳамасрони мо ба компютеру интернет-технология натанҳо одат кардаанд, балки унс ҳам гирифтаанд. Акнун ҳама дар атрофи падидаи нави технологӣ «Ҳуши сунъӣ» ҳарф мезананд, зеро маҳз ҳамин падидаи техникӣ метавонад мушкилоти мубраму мураккаби низоми глобалиро аз таъмини сулҳи пойдори ҷаҳонӣ, то тасхири низоми Роҳи Каҳкашон) ҳаллу фасл намояд.

Лекин таърихи «Ҳуши сунъӣ» ҳамчу як самти илм аз нимаи дуюми садаи бистум ибтидо мегирад. То ин дам барои бурузи ин падида замина фароҳам омад. Аз ҷумла, дар олами фалсафа  перомуни шинохти табиати инсонӣ ва дониши ҷаҳонӣ баҳсҳо сурат гирифта, нейрофизиологҳову (мутахассисони асаб) равоншиносон назарияи нисбии фаъолияти майна ва тафаккури инсонро рӯйи кор оварданд.

Илова бар ин,    назарияи риёзии муҳосибот-назарияи алгоритмҳо арзи вуҷуд намуд, аввалин компютерҳо ихтироъ гардиданд. Акнун суръати ҳисобкунӣ тавассути мошинҳои ҷадид нисбат ба имкониятҳои инсон бештар буд. Аз ин лиҳоз, масъалаи ихтирои воситаҳои техникии ҳисоббарор матраҳ гардид. Бори нахуст ба ин масъала соли 1950 олими бритониёитабори Амрико  Алан Тюринг даст зад. Мавсуф мақолае навишт таҳти унвони «Оё мошин метавонад фикр кунад?». Муаллифи мақола дар навиштаи хеш собит намуд, ки мошин аз лиҳози зеҳниву ақлӣ метавонад   бо инсон баробар бошад. Баъдан ин падида бо номи «Тести Тюринг» шуҳрат ёфт.

Баргардем сари истилоҳи «Ҳуши сунъӣ». Ин истилоҳ тарҷумаи Artificial intelligence, AI-и англисист ва илмест ё технологияест дар мавриди ихтироъ ва эҷоди мошинҳои ақливу зеҳнӣ ва барномаҳои ҳуши маснуӣ. «Ҳуши сунъӣ» зимни  истифода аз компютер барои дарки ақлу зеҳни инсонӣ хизмат мекунад. Аслан, дар ин мақола истилоҳи «ҳуш» тарҷума шудааст аз «интеллект»-и русӣ ва аз лиҳози решашиносӣ мансуб аст ба «intellectus»-и лотинӣ. Тафсири ин вожа чунин аст: эҳсос, дарк, фаҳмиш ва далел. Аз ҷониби дигар ифодакунандаи қудрати инсонӣ дар робита ба эҳсос, идрок, хотира, тафаккур  ва тахайюл аст.

Ин падидаро ба унвони шохае аз илми компютерӣ низ нисбат додаанд, ки бо худкорӣ ва қобилияти ақлониву ҳушмандӣ алоқаманд аст.

“Ҳуши сунъӣ” анвои мухталиф дорад:

1.Ҳуши сунъии рамзист (Symbolic), ки бо рамзҳои интизоӣ (абстрактӣ) кор мекунад ва ҳамчун ҳуши сунъии классикӣ маъруф аст;

2.Ҳуши сунъии асабист (Neural AI), ки солҳои 80-уми қарни гузашта рӯйи кор омада, дар ин низом ба ҷои рамзҳо нейронҳои сунъӣ истифода мешаванд;

3. Шабакаҳои асабӣ (Neural Networks), ки ба хатҳо шабоҳат дошта, ба ҳамдигар пайванд ҳастанд. Қабати аз ҳама болоӣ  қабати дарёфткунӣ маҳсуб меёбад.

Истифодаи сабку услуб ва абзорҳо дар “Ҳуши сунъӣ”

Истифодаи сабку услуб ва абзорҳо дар “Ҳуши сунъӣ” мухталиф аст, чунончи:

1. Ёдгирии мошинии системавӣ (Machine Learning), ки таҷрибаро ба дониш табдил медиҳад. Зимни иҷрои ин низоми кор тавоноие ҳосил мешавад, ки шаблонҳо ва қоидаҳои дар ҳоли афзоишбударо равшан месозад.  Зимни ёдгирии мошинӣ аз ду навъи “Ҳуши сунъӣ”-ҳуши сунъии рамзӣ ва ҳуши сунъии асабӣ истифода мешавад.

2. Навъи дигари ёдгирии мошинӣ мавҷуд аст, ки рӯз аз рӯз аҳамияти бештар касб мекунад ва онро ёдгирии амиқ (Deep Learning) меноманд.

Аксари коркардҳои ҳуши сунъӣ дар заминаи ёдгирии амиқ сайқал меёбанд ва системаҳои печидатару қавитарро бо лоиҳаҳои нав рӯйи кор меоранд, ки бо шаклу усулҳои мухталиф (ёдгирии таҳти назорат, ёдгирии бидуни назорат ва ёдгирии тақнинӣ, яъне бо истифода аз санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ) татбиқ мегарданд. 

Истифодабарӣ аз “Ҳуши сунъӣ”

Феълан, аз анвои мухталифи «Ҳуши сунъӣ» истифода мебаранд, вале дар марҳалаи аввал шаклҳои истифодабарӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ошкор намешаванд. Бинобар ин, феҳрасти мукаммали онҳоро тартиб додан ғайриимкон аст. Механизмҳои “Ҳуши сунъӣ” барои ташхис, шиносоӣ ва гурӯҳбандии ашё ва афрод дар аксҳову видеонаворҳо хеле заруранд. Барои дастёб шудан ба ин ҳадаф аз шаклҳои сода ва дар айни замон ниҳоят мушкили ташхис- қолабҳо (шаблонҳо) истифода менамоянд. Агар иттилооти тасвир рамзгузорӣ нашуда бошад ва воситаи техникӣ битавонад онро бихонад, аксҳо ва видеонаворҳоро метавон бо ин равиш дар дастаҳои мухталифе қарор дод, ки имкони ҷустуҷӯ ва ёфтани онҳоро фароҳам меорад. Чунин ташхисҳоро дар мавриди иттилооти савтӣ анҷом додан мумкин аст.

Чат-Бот барномаест мусо-ҳибавӣ, ки ниёзмандиҳои истифодабарандагонро муайян карда, сипас дар қаноатмандшавии онҳо мусоидат менамояд. Иртибот ва алоқаи худкор (автоматӣ) бо истифодабаранда тавассути матн ва ё садои роботи ҳушманд амалӣ мегардад. Чат-Ботҳо дар бахши хадамоти муштариён рӯз аз рӯз бештар мегарданд.

Таҷзия ва таҳлили назариёт. Ин барнома  илова ба пешбинии натиҷаҳои  интихобот дар ҷаҳони сиёсат, дар бозорёбӣ (маркетинг) ва самтҳои дигар низ бо номи “Таҷзия ва таҳлили эҳсосот” (Opinion Mining)   истифода мешавад. Дар ин самт барномаи “Таҳлили назариёт” (Sentiment Analysis) ҳам ба кор бурда мешавад.

Алгоритмҳои ҷустуҷӯ.

Алгоритмҳои барномаи мазкур ба монанди алгоритмҳое, ки дар  “Goole” истифода мешаванд,  ниҳоят маҳрамона буда, равишҳои муҳосиба, дараҷабандӣ, инъикоси натиҷаҳои ҷустуҷӯ дар ҳамон шакле сурат мегиранд, ки зимни ёдгирии мошинӣ истифода мегарданд.

(Давом дорад)

 

Суҳроб Ҳасанов,

мутахассиси пешбари

шуъбаи илми коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ

дар шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш