Нашрияи Омӯзгор

Маърифати наврасонро тақвият бахшем

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Дар замони ҷаҳонишавӣ дар баробари пешравиҳои чашмгир дар соҳаҳои мухталиф, инчунин, гурӯҳҳои ифротгарову тундгаро пайдо шудаанд, ки бо амалҳои зишту номатлуби худ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтаанд.

Аз ин рӯ, дар назди аҳли маориф тарбияи насли наврас аҳамияти махсус касб кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои алоҳида  вобаста ба пешгирии наврасону ҷавонон қабул шудааст, ки дар баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва ватандӯсту хештаншинос гардидани онҳо мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори саммиту ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба пешгирии терроризму экстремизм мебошад. Соли равон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» конфронси сатҳи баланд баргузор гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ вазъияти минтақа ва ҷаҳонро таҳлил намуда, таъкид доштанд: «Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва  терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад».

Дарвоқеъ,  гурӯҳҳои ифротгарову тундгаро тамоми манотиқи ҷаҳонро фаро гирифтаанд, ки  бо амалҳои хатарноки худ ҳазорон нафарро куштаву садҳо кӯдакро ятиму бепарастор кардаанд. Мутаассифона, аз воситаҳои ахбори омма огоҳ мегардем, ки ҷавонон тоҷик низ ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд, ки ин аз нодониву бемаърифатӣ ва дар ҷаҳолат мондани онҳо шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон бояд раванди таълиму  тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ҷоннок намуда, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ба камол расонем.

Моҳтоб Азизова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш