Нашрияи Омӯзгор

Огоҳ бояд буд

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Ҷаҳони имрӯзаро олами технологияи иттилоотию иртиботӣ фаро гирифта,  онро ба буҳрони амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ сохтааст. Муносибати аҳли ҷомеа низ бо ин падидаи нави технологӣ дорои ҷанбаҳои мухталиф – мусбат ва манфӣ мебошад.

Яъне ҳар касе ки дорои дониши хуби сиёсию иҷтимоӣ аст, саводи хуби таҳлили ахбори расонаҳои иттилотиро дорад, метавонад худ ва наздиконашро аз иттилооти бардурӯғу зиёновар наҷот бахшад. Вале оне, ки аз чунин донишҳо дур аст ва моҳияти иттилооти паҳншударо тавоноии таҳлил кардан надорад, ба зудӣ фирефтаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва ё бунёдгарову бегонапараст мегардад. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба моҳияти мафҳумҳои «экстремизм», «терроризм», «бунёдгароӣ», «хурофот» ва  «бегонапарастӣ» сарфаҳм равад, бояд донад ва огоҳ бошад, ки барои чӣ ҷаҳони муосир гирифтори чунин мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ гардидааст.

Тавре ки огаҳӣ дорем, Сарвари кишвари мо чанд сол муқаддам ба аҳли олам ҳушдор дода буданд, ки террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад. Ҳодисаҳои дар чанд соли охири олам нишон доданд, ки ин зуҳуроти хатарзо ҳатто ҷинс ҳам надошта, меҳрубонтарину мушфиқтарин фарди ҷомеа – занону модаронро низ тавонистааст ба доми худ афканад. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб тавонистааст, ки то андозае занону бонувони тоҷикро низ ғарқи гирдоби гумроҳӣ гардонад. Албатта, ҳар нафаре, ки гирифтори бемории бегонапарастӣ мегардад, хоҳ зан аст, хоҳ мард, хоҳ ҷавон аст, хоҳ пир дар таърих ба номи аҳлу авлоди хеш иснод меоварад.

Чунин муносибат нишон медиҳад, ки афроди ноогоҳ аз ҳувияти миллӣ, арзиши Ватану ватандорӣ, хотираи таърихии миллати худ ба афкори ғайр ва ашхоси бегонапараст, равияҳои зӯровар, ҳизбҳову ҳаракатҳои манъшуда бовар мекунад ва худро қурбони онҳо мегардонад. Гурӯҳҳои ифротӣ, бегонапараст, террористу экстремист аз афроде истифода мебаранд, ки онҳо аз ягон ҷиҳат заъф доранд ва ё нотавонанд. Занҳое, ки зудбоваранду ба ваъдаҳои бебунёди даъвогарони дину имон зуд бовар мекунанд, ҷавононе, ки таҳсилоти хуб надоранд, донишҳои сиёсии онҳо хеле суст аст ва ё ҳар гуна ахбору иттилоъ ва ваъдаҳои бебунёдро тавоноии таҳлил кардан надоранд, гирифтори доми дурӯғу фиреби афкори ғаразноки шахсони иғвогару худхоҳ ва ҷоҳу мансабталаб мегарданд.

Тавре ки мушоҳида менамоем, гурӯҳҳои ифротгаро  ҳеҷ гоҳ имкони дар дохили кишвар амал карданро надоранд. Бинобар ин, онҳо бо роҳҳои гуногун баъзе афроди ноогоҳеро, ки берун аз кишвар иқомат доранд, ба худ ҷалб менамоянд ва онҳоро барои амалӣ намудани ғаразҳои манфури худ истифода менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24” ва дигар ҳаракату ташкилотҳое, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти онҳо мамнӯъ эълон шудааст, чунин роҳро пеш гирифта,  берун аз марзи кишвар фаъолият карда, баъзе ҷавонони тоҷикро қурбони афкори бебунёди худ сохтаанд ва ё онҳоро ифротию бегонапараст кардаанд.

Дар ҷаҳони муосир, ки ҷаҳонишавӣ як ҷузъи он аст, дар натиҷаи он тафаккури танги ифротӣ, гурӯҳҳои  ифротгаро ва созмонҳои террористӣ, ки аксарияти онҳо хилъати динӣ ба бар доранд, ҳамчун як хатари бузурги ҷаҳонӣ амният ва мавҷудияти баъзе кишварҳо, пеш аз ҳама, мамлакатҳои мусулмоннишинро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Ба назари мо, фирефтаи таблиғгарони ташкилотҳои террористӣ, пеш аз ҳама, нафарони камдонишу ноогоҳ, ҷаҳонбиниашон маҳдуд ва соҳиби шуғлу касби муайян набуда ва аз ҷиҳати рӯҳию равонӣ фардони носолими ҷомеа мегарданд. Худи даъватгарон низ, ки дар либоси дин ақидаҳои носолими хешро зӯран таҳмил мекунанд, ҷавонони то ҳол дар ақида устувор нагаштаро ба амалҳои зӯроварӣ тарғиб сохта, худро ҳамчун тамошогари тарсу дар канор мегиранд.

Мутаассифона, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯву экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо дар ҷумҳурии мо низ боиси ташвиш гардидааст.

Мо аз нуфузи арзишҳои гуманистии фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техникии давлатҳои пешрафта, ба вижа технологияи муосири иттилоотӣ истиқбол менамоем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳарчи бештару зудтар аз ин дастовардҳо бархӯрдор бошем ва роҳҳои татбиқи онро дар зиндагии  ҷомеаи худ  пайдо намоем.

Муҳаммаддовуд

Саломиён,

доктори илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш