Нашрияи Омӯзгор

Нурулло - ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Ханойи Ҷумҳурии Ветнам олимпиадаи байналмилалии IMSO оид ба фанҳои табиатшиносӣ ва математика баргузор гардид. Дар он хонандагони синфҳои 6-8 аз 24 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. 

Аз ҷумҳурии мо низ 11 нафар хонандагони аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва хонандаи синфи 6-и мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Нурулло Назаров иштирок карда, донишу истеъдоди баланд нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки Нурулло ба ин олимпиадаи бонуфуз бо омодагии ҷиддӣ  рафта, аз фанни физика донишу истеъдоди баланди худро нишон дод. Шартҳои асосии олимпиада посух ба 40 адад тест ва 60 саволи хаттии зеҳнӣ буд. Дар ҷамъбасти олимпиада Нурулло Назаров тавассути иҷрои бомуваффақияти шартҳои олимпиада сазовори ҷои ифтихорӣ ва сертификат гардид.

Ду нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолона ва дониши баланд соҳиби ҷойҳои 2-юм ва 3-юм аз фанни математика шуданд.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш