Нашрияи Омӯзгор

Чаро наврасон душвортарбия мешаванд?

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 845        Шарҳ: 0

Як қисми волидайн ба тарбияи меҳнатии кӯдакон эътибор намедиҳанд ва  кӯшиш менамоянд, ки кӯдакони худро аз ҳама кору бори хона озод намоянд, то онҳо бештар ба дарстайёркунӣ машғул шаванд. Баъзан дар ҳолатҳои зарурӣ кӯдакон ба падару модар ёрӣ намедиҳанд ё ин ки волидон барои иҷрои ин ё он кор ба фарзандони худ бовар надоранд. Бачаҳоро ба меҳнат кардан ва ободонии ҷойи истиқомат, кӯча, тайёр намудани ҷойи бозӣ ҳидоят намекунанд. Дар натиҷа, ҳаёти чунин кӯдакон паси парда мемонад ва дар вуҷуди онҳо нисбат ба кори ҷисмонӣ ва меҳнат муносибати манфӣ ба вуҷуд меояд. Баъзе волидон уҳдадориҳои худро танҳо дар таъмини моддии фарзандон мебинанд, тарбияи онҳоро бошад, дар мадди дуюм мегузоранд ва онро ба мактаб ҳавола мекунанд. Олими намоён Ю.П. Азаров солҳои зиёд дар масъалаи тарбияи кӯдакон дар оила тадқиқот бурдааст. Номбурда қайд менамояд, ки  оилаҳоро метавон ба 3 гурӯҳ ҷудо кард:

1.Оилаҳои хуб, ки аз саҳар хурсандӣ, хушбахтӣ ва боварӣ ба якдигар дар онҳо мушоҳида карда мешавад.

2.Оилаҳои миёна, ки умуман, дар онҳо аз саҳар ноҷурӣ мушоҳида карда намешавад. Ҳар кас ба кори худ банд буда, вазифаи вижаашро иҷро мекунад.

3.Оилаҳои  ҷанҷолию тундмиҷоз, ки аз саҳар нигоҳҳояшон пур аз хусумат ва кинаю адоват аст.

Ю.П. Азаров қайд мекунад, ки гурӯҳи 3-юми оилаҳо оқибат ҷудо мешаванд. Маълум аст, ки ҷудошавии оилаҳо сабаби ба вуҷуд омадани оилаҳои нопурра мегардад, ки ин кори мактабро душвор гардонда, тарбияи кудакро низ мушкил мегардонад.

Ҷомеашиносон чунин оилаҳои номусоидро муайян намудаанд:

1.Оилаҳои аз ҷиҳати объективӣ номусоид барои  тарбия-набудани падар ё модар, касалӣ ё ки серкории аз ҳад зиёди калонсолони оила, танг будани шароити манзил, ки дар натиҷа кӯдакон бе назорат монда, аз таҳсил дур мешаванд,  интизомашон низ вайрон шудан мегирад.

2.Ба намуди дуюм оилаҳое мансубанд, ки дар онҳо қоидаҳои муътадили ахлоқӣ аз тарафи калонсолон вайрон карда мешавад (ба хона маст омадан,  бекорхӯҷагӣ, дағалӣ ва ғайра). Чунин оилаҳо барои ҷамъият хеле зарарнок буда, тафаккури кӯдаконро заҳролуд менамоянд ва шумораи вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятиро зиёд мекунанд.

3.Намуди сеюми оилаҳои номусоид оилаҳое мебошанд, ки дар онҳо хархашаҳои бардавоми оилавӣ ба ҷиҳатҳои ахлоқии кӯдакон таъсири ниҳоят бад мерасонанд.

4.Оилаҳое низ мавҷуданд, ки бо вуҷуди доимо таъмин ва тифоқ буданашон ҳукмрон будани рӯҳияи чизпарастӣ ба ҷаҳони ботинии кӯдакон дар онҳо  таъсири манфӣ мерасонад.

Инчунин, падару модароне, ки фарзанди ягона доранд, ҳамеша дар онҳо изтиробу тарси аз даст додани ӯ дида мешавад. Чунин падару модарон тамоми диққати худро ба фарзанди ягона равона месозанд, ки дар чунин кӯдакон ҳиссиёти худхоҳӣ, ба ӯ ҳама кор раво будан инкишоф меёбад. Агар дар оила якчанд кӯдак бошад, онҳо нисбат ба якдигар ғамхорӣ зоҳир менамоянд, аҳлона зиндагӣ карданро меомӯзанд, ба ҳамдигар меҳрубон мешаванд…

Сармутахассиси сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иллати душвортарбия шудани баъзе наврасонро асосан дар бетаваҷҷуҳии волидон медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин бобат  90 дарсад падару модар, 9 дарсад ҷомеаву атрофиён ва 1 дарсад мактаб гунаҳкор аст.

Ба ақидаи муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ (ХПҲНҶ ВКД)  Зебуннисо Ҷумъазода, сабаби асосии  душвортарбия гардидани насли наврас ҷанги шаҳрвандие мебошад, ки  дар солҳои 1992-1997 дар  Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Қисми зиёди ҷавонону наврасони он давр бо сабаби кашмакашҳои дохилӣ аз илму ҳунаромӯзӣ ва таълиму тарбияи комил дур монданд. Он замонҳо ҳама “дар фикри ҷону як бурда нон” буданд.  Таҳсил кардан ва соҳибмаълумоту соҳибкасб гаштан мақсади дуюмдараҷа ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, як насли ҷомеаи мо, дар як давраи муайян бесаводу бетарбия монданд. Аксари кӯдакони ҷомеаи имрӯзии мо фарзандони ҳамон насли давраи ҷанги дохилианд. Насли ҷавони имрӯза бештар ба илму ҳунаромӯзӣ пардохтааст ва баъди гузаштани як давраи муайяни дигар  боз мо соҳиби насли донову таҳсилдида ва ҳунарманд мегардем. 

З. Ҷумъазода афзуд, ки омили дигари душвортарбия шудани кӯдакон ба муҳоҷират рӯ овардани волидони онҳо мебошад. Падару модарон барои ба даст овардани даромади  бештар ба муҳоҷират, ба хориҷи кишвар сафар мекунанд ва фарзандонро дар тарбияи дигарон-наздикону хешовандон мегузоранд, ки онҳо аз уҳдаи тарбияи дурусти онҳо баромада наметавонанд. Кӯдак шояд аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра таъмин аст, мушкилӣ надорад, аммо аз беҳтарин неъмат, ки барояш муҳим аст- меҳру муҳаббати волидон ва таълиму тарбияи шоиста маҳрум мемонад. Аз беназоратӣ ба кӯчагардӣ, ҷӯрабозиву дигар кирдорҳои ношоиста даст мезанад. Бо каме бузургтар шудан дигар касе онҳоро идора карда наметавонад ва ҳар кореро, ки хоҳанд, анҷом медиҳанд. Зеро ин бачаҳо аз нарасидани меҳри падару модар аз ҳама ранҷидахотиранд, аз зиндагӣ дилхунуканд ва барои таскини дили худ ва ҷалб кардани таваҷҷуҳи атрофиён ба амалҳое даст мезананд, ки хилофи қонунанд. Амалҳои онҳо як навъ, фарёди бачаҳои аз таваҷҷуҳ дурмонда мебошад. Бо ин “нағма”-ҳояшон онҳо фақат аз наздикону пайвандон талаб мекунанд, ки ба онҳо таваҷҷуҳ кунанд...

Дар ҳақиқат, дар ин бора мисолҳо зиёданд, ки бо сабаби ба муҳоҷират рафтани волидон душвортарбия гаштани фарзандонро тасдиқ мекунанд. Ду воқаеро бо тағйири ному насаби қаҳрамонон нақл мекунем:  Сафаралӣ аз рафиқаш шунид, ки дар Россия пули зиёд ба даст овардан осон аст. Бо ин мақсад ба муҳоҷират рӯ овард. Вақте ба маҳалли таъйиншуда расид, дид, ки дар асл кор кардану пул ба даст овардан дар кишвари дур ва дорои фарҳангу забони бегона кори осон набудааст. Хеле азоб кашид, ду сол дираме ҳам ба хонаводааш равон карда натавонист. Дар охир ҷойи коре пайдо кард, ки зану шавҳарро ба он қабул мекарданд. Сафаралӣ зуд бо ҳамсараш тамос гирифту фармуд, ки кӯдаконро ба бобояшон супурда, ба наздаш-Россия биёяд, то якҷоя кор карда, каму кости зиндагиро саришта кунанд. Ҳамсараш ҷуз итоат чорае надошт, ҳатто интизор буд ин фармудаи ӯро, чунки тақрибан 2 соли дурӣ аз шавҳар барояш гарон афтода буд. Дар дилаш фикр мекард, ки шояд ҳамсараш он ҷо “ягон нафар”-ро пайдо кардааст, ки ёди Ватану зану фарзанд намекунад. Кӯдаконро дар тарбияи бобои пирашон гузошта, ба назди шавҳараш рафт. Фарзандонашонро асосан духтари калониашон Рухсора нигоҳубин мекард, бобои касалманд аз уҳдаи ин кор баромада наметавонист, зеро ба зӯр роҳ мегашт. Духтарак нақши волидонро иҷро карда, аз мактаб рафтан  маҳрум шуд, аз таҳсил дур монд, ҳарчанд дилаш барои мактабу дарсомӯзӣ гум мезад. Бародари ягонааш низ ин ҳолатро дида, аз мактабравӣ саркашӣ мекард. Вақте бародарашро маҷбуран ба мактаб фиристоданӣ мешуд, писарбача арбада бардошта, киноя мезад:”Худат намеравию чаро маро маҷбур мекунӣ, агар мактаб ҷои хуб бошад, худат рафта бихон, ман намехоҳам дарс хондан, бо рафиқонам бояд якҷо биравем...”

 

(Давом дорад)

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш