Нашрияи Омӯзгор

Ҳабиба Соҳибова ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни «Омӯзгори сол-2019» бо иштироки довталабон аз 13 шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор гардид. Озмунро сардори раёсати илм ва инноватсияи  МД ДҶТИБКСМ С.Эгамбердиев ифтитоҳ намуд.  Сипас, сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Қутбиддин Муҳиддинзода перомуни ҳадафҳои баргузории озмун сухан ронда, зикр намуд, ки шурӯъ аз соли 2020 дар низомномаи озмуни «Омӯзгори сол» тағйироти ҷиддӣ ворид гардида, минбаъд аз рӯйи ҳар як фанни таълимӣ озмун гузаронида мешавад.

Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода гуфт, маъмулан дар озмун танҳо як нафар пирӯзӣ ба даст меорад, вале саъйю талош ва то ба сатҳи иштирок дар озмуни минтақавӣ расидани ҳар як довталаб худ гувоҳи комёбию дастоварди эшон маҳсуб меёбад. Раиси ҳайати ҳакамони озмун, устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ  Умар Умаров ба кори иштирокдорони озмун муваффақият таманно намуд. Ҳамин тавр, довталабон ба иҷрои шарти авали озмун, ки муаррифии таҷрибаи кори эҷодии онҳо ба шумор мерафт, оғоз карданд. Ин шарти озмун ҳисоботи эҷодии довталабонро дар бар мегирифт ва намоянда аз литсейи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Рӯдакӣ Оймаҳмади Пирматзод, мактаби №3-и ноҳияи Шаҳринав Ҳусния Шарипова, мактаби №32-и ноҳияи Лахш Муҳаммадисои Нусрат, мактаби №10-и ноҳияи Варзоб Дилафрӯз  Нуруллоева, мактаби №86-и шаҳри Турсунзода Нигина Қурбонова ва чанди дигар дар хусуси фаъолияти педагогӣ ва баргузор намудани машғулиятҳояшон бо истифода аз васоити техникӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Дар ин байн, махсусан, муаррифии фаъолияти педагогии довталабон Ҳабиба Соҳибова, Оймаҳмади Пирматзод, Дилафрӯз Нуруллоева ҷолиб ва ибратомӯз буд.

Дар иҷрои шарти дуюми озмун, ки баргузории маҷлиси падару модарон ба шумор мерафт, баромади довталабон аз ҳамдигар фарқ мекард. Аз ҷумла, омӯзгори мактаби №10-и ноҳияи Варзоб Дилафрӯз Нуруллоева дар мавзӯи «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар» маҷлиси падару модаронро ҳамчун роҳбари синф гузаронд, ки хеле муассир ва пурмуҳтаво буд. Ҷаласаҳои гузаронидани омӯзгор Оймаҳмади Пирматзод аз мактаби №13-и ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим», довталаб аз гимназияи ба номи Темур Собиров Ҳабиба Соҳибова дар мавзӯи «Кӯдакон ба кадом сабабҳо ба дарсҳо дер меоянд?», омӯзгори мактаби №32-и ноҳияи  Лахш Муҳаммадисои Нусрат, Луқмон Ҳомидов аз мактаби №13-и ноҳияи Нуробод низ ҷолиб, шавқовар ва таъсирбахш буданд. Аммо, ба таъкиди аъзои ҳакамон, ҳам дар муаррифии фаъолияти педагогӣ (ҳисоботи эҷодӣ) ва ҳам баргузор намудани маҷлиси падару модарон аз ҷониби довталабон навоварию эҷодкорӣ камтар ба мушоҳида расид. Аз ҷумла, дар бахши аъзами ҳисоботи эҷодии довталабон таълифоти илмию методӣ ва усулҳои инноватсионӣ ба нудрат ҳис карда мешуд. Дар иҷрои шарти дуюм бошад, иддае аз иштирокдорони озмун озодона ва ба таври фарогиру серпаҳлу ҷаласаи падару модаронро ба сифати роҳбари синф гузаронида натавонистанд. Суханрониҳо якранг, хушку қолабӣ ва то ҷое маҳдуд буда, бо мисолҳои воқеӣ пероста нагардида буданд. Дар иҷрои шарти чорум, ки баргузории соати тарбиявӣ буд, довталабон Дилафрӯз Нуруллоева, Ҳусния Шарифова, Ҳабиба Соҳибова, Луқмон Ҳомидов,  Нигина Қурбонова ва чанди дигар фаъолияти хуб нишон доданд. Яке аз шартҳои асосӣ, ки дар маркази таваҷҷуҳи аъзои ҳакамон қарор дошт,  гузарондани дарси конкурсӣ бо истифода аз технологияи муосир ба ҳисоб мерафт. Дарсҳои баргузорнамудаи Ҳабиба Соҳибова (аз шаҳри Ваҳдат), Оймаҳмади Пирматзод (аз ноҳияи Рӯдакӣ), Ҳусния Шарифова (аз ноҳияи  Шаҳринав) ва Дилафрӯз Нуруллоева (аз ноҳияи  Варзоб) бо истифода аз васоити техникии замони муосир, усулҳои фаъоли таълим ва тахайюлоти эҷодию лаёқату таҷрибаи омӯзандаи омӯзгорӣ хотирмон буданд.  Довталаб Луқмон ҳомидов аз ноҳияи Нуробод дар мавзӯи «Якаъзогӣ ва шакли стандартии навишти он» дарси худро баргузор намуд. Номбурда якаъзогиҳоро дар тахтаи синф навишт, таърифи онро тавзеҳ бахшид, якчанд мисолро якҷо бо хонандагон ҳал намуд. Довталаб кори гурӯҳӣ ташкил карда, нуҳ саволномаро ба хонандагон пешниҳод намуд. Дар умум, мавзӯъ хуб фаҳмонда шуд, вале Луқмон Ҳомидов бештар ба китоби  дарсӣ такя карда, аз васоити технологӣ истифода накард. Бо лаҳҷа сухан гуфтани омӯзгор ба мушоҳида мерасид. Дарси довталаб аз ноҳияи Шаҳринав Ҳусния Шарифова, ки аз фанни физика дар синфи 9 гузашт, низ ҷолиб буд.

Дарси  довталаб аз ноҳияи Тоҷикобод Маҳмаднабӣ Ибро-ҳимов аз фанни забони модарӣ дар синфи 5 шавқовар, фаҳмову хотирнишин буд. Омӯзгори соҳибтаҷриба бо истифода аз васоити аёнии дастисохт ва чопӣ мавзӯи нав – «Маънои аслӣ ва маҷозии  калимаҳо»-ро хеле хуб фаҳмонд. Дар зимни алоқамандии дарси навро бо мавзӯъҳои гузашта таъмин намуда, дар хусуси мафҳумҳои «реша» «пасванд», «пешванд», сермаъноии калимаҳо аз хонандагон пурсон гардид.  Ҳамчунин, дар боби калимаҳои мустақил ва ёридиҳанда маълумот дода, моҳияти калимаҳои аслӣ ва маҷозиро бо  овардани ибораҳо равшану бармало намуд.

Дар иҷрои  шартҳои озмун довталабон Ҳабиба Соҳибова (шаҳри Ваҳдат), Ҳусния Шарифова (ноҳияи Шаҳринав), Нигина Қурбонова (шаҳри Турсунзода), Маҳмаднабӣ Иброҳимов (ноҳияи Тоҷикобод), Дилафрӯз Нуруллоева (ноҳияи Варзоб), Муҳаммадисои Нусрат (ноҳияи Лахш), Оймаҳмади Пирматзод (ноҳияи Рӯдакӣ) бештар фаъол буданд. Чун солҳои қаблӣ дар иҷрои шарти кор бо технологияи  муосир иддаи зиёди довталабон қобилияти суст нишон доданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз дар таълимгоҳҳои кишвар омӯзгорону устодон ба омӯзиши технологияи  иттилоотӣ (хусусан,  кор бо компютер) таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунанд. Дар умум, ба тасдиқу таъйиди ҳайати ҳакамон, иштироки довталабон ва муаррифии маҳорату қобилияти онҳо дар озмун ба талаби замон пурра ҷавобгӯй набуда, бархе рисолати худро ба таври зарурӣ эҳсос накардаанд. Агар ҳадаф танҳо  ба ном иштирок намудану аз қайд гузаштан бошад, аз шаҳру навоҳии дур омадану вақтро ба беҳуда гузарондан ҳеҷ моҳияте надорад.

Дар ҷамъбаст ҳакамон ҷойи аввалро ба омӯзгори литсейи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова сазовор донистанд. Номбурда бо 34,8 хол ғолиби озмун гардид. Омӯзгори мактаби №3-и ноҳияи Шаҳринав Ҳусния Шарифова бо гирифтани 31,7 хол сазовори ҷойи дуюм ва довталаб аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Рӯдакӣ Оймаҳмади Пирматзод бо гирифтани 30 хол ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Ба ғолибон аз ҷониби раҳбарияти ДҶТИБКСМ ва Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ туҳфаҳои сазовор ва мукофоти  пулӣ дар вазъияти тантанавӣ супурда шуд.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш