Нашрияи Омӯзгор

Мулоқоти судманд

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев бо намояндагони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур доир гардид, ки дар он доктор Ерик Хан-президенти донишкада, Тан Шун Ли Михайл-менеҷери равобити байналмилалӣ, Шариф Ҷаъфар-мушовир ва котиби Шӯрои донишкада ширкат намуданд.

Зинми суҳбат муовини якуми вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев доир ба низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур чораҳои заруриро меандешад.

Доктор Ерик Хан-президенти донишкада ва Шариф Ҷаъфар-мушовир ва котиби Шӯрои донишкада иттилоъ доданд, ки Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур имрӯзҳо бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Малайзия, Чин ҳамкории таълимӣ дошта, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад кадрҳоро дар риштаҳои менеҷменти саноатӣ, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, технологияи иттилоотӣ омода намояд.

 

Маркази матбуотии

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш