Нашрияи Омӯзгор

Бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст доданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд.

Беш аз якуним миллион аҳолӣ ҷои зисти худро тарк намуда, ба Афғонистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуда, бори гарони ҷудоӣ аз хоки Ватанро кашиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон расид, ки он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ (ба ҳисоби қурби онвақта) рост меомад.

Дар ҳамин давраи фалокатбору ҳассос аз 16–уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бос-тонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик ҳал гардид. Вакилон якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар он лаҳзаҳои  хеле вазнин, ки яроқбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, на ҳар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишварро ба уҳда гирад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, ваҳдати миллиро барқарор намуд.

Аз минбари баланди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «… ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!» ва илова намуд, ки «…ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!».

Ба шарофати ба имзо расидани ин созишномаи таърихӣ ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш хотима гузошта шуд. Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба ин муносибат навишта буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сулҳи тоҷикон обрӯю нуфузи ин халқи бостониро дар арсаи ҷаҳон хеле боло бурд ва ин сулҳ манбаи омӯзиши бисёр кишварҳои ҷангзада гашт. Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Ин абармарди миллат тавонист миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикарда табдил диҳад. Барои ҳамаи ин хизматҳои бузургаш ба Эмомалӣ Раҳмон 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Хизматҳои Сарвари кишвари мо на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам қадршиносӣ шудаанд.

Соли 2005 дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҷоизаи олии медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»–и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид. Ӯ аввалин касест, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ҷоизаро соҳиб шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон-Аҳмадшоҳи Масъуд», Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимони Осиё, медали тиллоии ба номи Николай Блохини Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Россия, ордени «Ситораи дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, медали тиллоии «Арҷгузории Ҷалолиддини Балхӣ»-и ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаву медалҳо мукофотонида шудааст.

Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ 8 ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҷавононро, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузории сулҳу ваҳдати миллӣ тарбият намоем.

 

Шоира Файзуллоева,

Малика МӮсоҷонова,

омӯзгорон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш