Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

 

14-15 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ЮНИСЕФ,  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии АТТ ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколли, меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина иштирок ва суханронӣ карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки таълим ва таҳсилоти фарогир дар ҳамаи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ талаби замон ва ҷомеаи муосир буда, аз он Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона берун буда наметавонад. Кишвари мо ба фазои ягонаи таҳсилотӣ ворид гардида, аз дастовардҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи таълиму тарбияи насли наврас ҳамарӯза истифода мебарад. Хушбахтона, айни замон мавзӯи таҳсилоти фарогир дар сатҳҳои хеле баланд баррасӣ мешавад. Бояд қайд кард, ки таҳсилоти фарогир заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии худро дорад, ки онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ „Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон“, Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ҶТ барои солҳои 2011-2015 (марҳилаи дуюми амалигардонии он дар солҳои 2016-2020) ва ғайра...

Сипас, хонандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор С. Очилдиев ва донишҷӯёни коллеҷи  техникӣ-омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ба воситаи тарҷумаи махсус (сурдологӣ) чанд суруд пешкаши ҳозирин гардониданд.

Дар идомаи конфронс директори Маркази таҳсилоти фарогири Академияи миллӣ ба номи И. Алтинсарини шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон С. Исмагулова, мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон М. Бозорова, сармутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон А. Байзоев, профессори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи С. Айнӣ Б. Маҷидова, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии АТТ Б. Ҳакимова, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии Кумитаи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди „Интизор“-и шаҳри Бохтар З. Қосимова ва дигарон маърӯза карданд. Гуфта шуд, ки таҳсилоти фарогир таъмин намудани шароити мусоид бо мақсади иштироки кӯдакону калонсолон дар ҳаёти иҷтимоӣ новобаста аз ҷинс, синну сол, мутааллиқ будан ба қавму миллат, ноқисиҳои саломатӣ, инкишофи равонию ҷисмонӣ мебошад. Бояд дар ҷомеаи муосир ҳуқуқҳои ин гуна одамон поймол нашаванд. Дар раванди таълим ва таҳсилоти фарогир ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, талаботи махсусдошта бояд шароиту имкониятҳое  таъмин гарданд, ки онҳо вобаста ба қудрату тавоноии худ мисли ҳамсолони солимашон ҳаҷми муайяни дониш, маҳорат, малака ва таҷрибаи иҷтимоиро аз худ кунанд. Маълум аст, ки воридшавии ҳар як навоварӣ, технологияи нави таълимию тарбиявӣ ба ҳаёти тарбиятгирандагон мушкилоти зиёди молиявӣ, маъмурӣ, фарҳангию иҷтимоӣ дорад. Чунин мушкилотро имрӯз таълимгоҳҳои кишвари мо низ аз сар гузаронида истодаанд. Ғайр аз ин, омодасозии омӯзгороне, ки маҳорати кор бо кӯдакони имконияташон маҳдудро доранд, яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз боқӣ мондааст. Таҳияи барномаи таълимии таҳсилоти фарогир низ яке аз корҳоест, ки ҳар чӣ зудтар бояд анҷом пазирад.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

„Омӯзгор“


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш