Нашрияи Омӯзгор

Бинои замонавии коллеҷи тиббии Хоруғ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 861        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» мавриди истифода қарор дода шуд.

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ иштирок намуданд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов тамоми кормандон ва шогирдони ин боргоҳро табрик гуфта, барои ғамхориҳои пайваста нисбат ба мардуми Бадахшон ва мавриди истифода қарор додани чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.

Шодихон Ҷамшед иброз намуд, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят ва дар шаҳри Хоруғ дар баробари ин боргоҳи илму маърифат боз чандин бинои дигар қомат афрохта, симои шаҳри Хоруғ ва вилоят куллан тағйир хоҳад ёфт.

 

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш