Нашрияи Омӯзгор

Нимпайкараи устод Рӯдакӣ дар Москва

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

 

Дар Москва, дар Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов маросими ифтитоҳи нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии тоҷик, шоири барҷастаи Шарқ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ректори Донишгоҳи давлатии Москва Виктор Садовничий, директори Институти кишварҳои Осиё ва Африқои ДДМ Игор Абилгазиев, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Федератсияи Россия Меҳдӣ Саноӣ, мушовир-фирис-тода, кордори муваққатии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Федератсияи Россия Моҳтаат Ҳумоюн, мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шараф Раҳимов, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Москва ширкат варзиданд.

Дар расми ифтитоҳи нимпайкараи устод Рӯдакӣ ректори ДДМ, академик Виктор Садовничий, аз ҷумла, иброз дошт: «Падари шеъри форсӣ, устод Рӯдакӣ дар ташаккули фарҳанги тамоми минтақа нақши бузург бозидааст. Ӯ мардумон ва фарҳанги минтақаро муттаҳид сохт. Эҷодиёти ӯ, шеърҳо, достонҳо ва қасидаҳояш ҷовидонаанд ва барои ин халқҳо ва тамоми фарҳанги ҷаҳонӣ муҳим мебошанд».

Дар охири маросими тантанавӣ донишҷӯёни кафедраи филологияи эронии Институти кишварҳои Осиё ва Африқо аз ашъори Рӯдакӣ бо забони форсӣ шеърҳо қироат намуданд.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш