Нашрияи Омӯзгор

Соли Муш фаро мерасад

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 829        Шарҳ: 0

 

Мутобиқи тақвими Ҷопон ва дигар кишварҳои шарқӣ ҳар соли як мучал (12 сол) ба номи ин ё он ҳайвон гузошта шудааст. Инсон дар кадом соле, ки таваллуд ёбад, як қатор хислату одатҳои хосро ба худ гирифта, сарнавишти ояндааш аз ҳамин маълум мегардад.

Мардуми Шарқ ба ин тақвим эътиқодманданд ва барору комёбӣ, бурду муваффақият, фаровониву серризқӣ, хушксоливу қаҳтӣ, гуруснагиву қашшоқии солу шахсро аз рӯйи соли ҳайвони муайян пешгӯӣ менамоянд. Соли нави фарорасанда, яъне, соли 2020 соли  Муш аст.   Муш дар солҳои 1936, 1948, 1960, 1972, 1984, 1996, 2008 меҳмони мо буд ва инак, дар соли 2020 боз меояд.

Онҳое, ки дар соли Муш таваллуд шудаанд, дорои симои нек, меҳнатдӯст, серризқ буда, кӯшиш менамоянд, ба мақсади гузоштаи худ бирасанд ва сарвату дороӣ ҷамъ намоянд. Мушҳо тозакор буда, сарфа кардани пулро дӯст медоранд. Агар саргарми чизе ё касе шаванд, дар бораи тозакории хеш фаромӯш намуда, касеро, ки дӯст доранд, тамоми дороии худро ба ӯ мебахшанд. Мушҳо ҳамеша ба мақсади худ мерасанд, аммо зуд ба қаҳр омада, бадҷаҳл мешаванд. Онҳо, одатан, дарзамон аз қаҳр фаромада, бо ҳамагон  кушоду  равшан  суҳбат мекунанд.

Аз рӯйи тақвими шарқии чинӣ мушҳо дар зери рамзи зебоӣ ва бадҷаҳлӣ таваллуд шуда, аз диди аввал гӯё орому сокит ва хушзавқ менамоянд. Ба ин бовар накунед! Дар зери ниқоби оромӣ ҷаҳлу кина пинҳон аст. Агар бо мушҳо бештар суҳбат ва алоқаи дӯстӣ намоед, мефаҳмед, ки дар дили онҳо буғзу кинаи ҳамешагӣ ва норизоӣ аз худ ва дигарон пинҳон аст.

Мушҳо баъзан сабаби ҷангу ҷанҷол мешаванд. Муш дӯсти ҳақиқӣ надорад, зеро ба қадри дӯстон кам мерасад, аммо шиносонаш хеле зиёданд. Муш ҳеҷ гоҳ ба касе бовар намекунад ва асрори худро дар умқи дилаш маҳфуз медорад. Онҳое, ки дар соли Муш таваллуд шудаанд, саъй менамоянд, ки аз ҳама чиз суде ба даст оранд. Барои ба мақсад расидан мушҳо тамоми хисоли баду неки хешро истифода мебаранд. Мушҳо ҳамеша аз пайи манфиати хешанд, лекин фикрашон доимо барои ҳарчӣ бештар сарфакорӣ кардан ба хотири сарватманд шудан банд аст.

Занҳое, ки дар соли муш ба дунё омадаанд, дорои ақли расо мебошанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ аз ин истифода намебаранд. Зан – мушҳо мунаққиди хуб буда, метавонед ба маслиҳатҳояшон гӯш диҳед. Баъзеи онҳо завқу табъи зудгузар дошта, худро аз як сӯ ба сӯи дигар мезананд. Ин боиси номуайянии ҳаёту рӯзгорашон шуда, ба хотири ҳамин онҳо дӯстони ҳақиқӣ пайдо карда наметавонанд. Зан – муш майдагап ва нисбат ба наздикони худ сахӣ аст.

Мушҳо меҳнат карданро дӯст медоранд. Агар ба мақсад нарасиданд, аз макру фиреб истифода бурда, аз ҳисоби дигарон то қуллаи мақсуди хеш мерасанд. Танбалӣ баъзе мушонро аз мансабу мавқеи баланд дур мекунад. Мушҳо кори фикриро назар ба ҷисмонӣ бештар дӯст медоранд. Аз онҳо сиёсатмадор, тоҷир ва артисти хуб мебарояд.

Ба Муш пул надиҳед!

Мутаассифона, мушҳо  сарвату дороии ҷамъкардаи хешро зуд барбод медиҳанд. Барои худ онҳо ҳеҷ чизро дареғ намедоранд ва тез маблағи ҷамъкардаро сарф мекунанд. Агар ишқу муҳаббати мушҳо барор нагирад, кӯшиш менамоянд онро ҳам бо пул бихаранд.

Муш киро интихоб мекунад?

Агар мушҳо зиндагии хешро дар ҳаёти оилавӣ бо онҳое, ки дар соли мор таваллуд шудаанд бипайванданд, хушбахт шуда, зиндагии оилавиашон орому осуда ва бобарор мегузарад. Риштаи умри мушҳо бо тавлидшудагон дар соли гов низ хубу гуворо мегузарад, чунки гов  мушро идора намуда, ҳар як амалашро зери назар мегирад. Дар соли маймун таваллудшудагон мушро фиреб дода, аз ишқу муҳаббат ва сарвати ӯ истифода мебаранд. Мушҳо бояд аз тавлидшудагони соли асп худро дур бигиранд, зеро аспи худхоҳу мустақил худдӯстдории мушро қабул намекунад.

Муш серризқ мешавад!

Муш кашондани гандумро ба хонааш дӯст медорад. Барои ӯ фарқ надорад бо кадом роҳ, аммо ҳатман бояд анбораш пур бошад. Чунонки таърих гувоҳӣ медиҳад, тамоми солҳое, ки бо рамзи муш гузаштаанд, серризқу фаровон будаанд. Орзумандем, ки соли нави 2020 – ум, ки соли муш аст, ба хонадони ҳар яки шумо баракату лутфу эҳсон орад ва қадамаш хуҷаста бошад.

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш