Нашрияи Омӯзгор

Тарбия дар ҷараёни таълим

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Таълим воситаи муҳимтарини тарбия мебошад. Вай танҳо бо донишдиҳӣ ва донишандӯзӣ, маҳорату малака маҳдуд нашуда, балки воситаи муҳимми ташаккули шахсият бо сифатҳои неки ғоявию ахлоқӣ мебошад.

Таълим на танҳо инкишофи тафаккури шахсиятро таъмин менамояд, балки ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва симои ахлоқии хонандагон, ба инкишофи завқи зебоишиносӣ, хусусиятҳои ҷисмонӣ, ба пайдоиши одату малакаҳои ахлоқ таъсир мерасонад. Талабагон асосҳои илмро аз худ намуда, роҳи дурус-ти зиндагиро ёд мегиранд, меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаётро аз худ мекунанд. Онҳо дар дарсҳо (адабиёт, таърих, забони модарӣ ва ғайраҳо) неку бад, ҳаққу ноҳақ, мумкин ва номумкинро фарқ мекунанд. Дониши дар ҷараёни таълим ба даст овардаи хонандагон барои ташаккули эътиқоди онҳо ҳамчун таҳкурсӣ хизмат менамояд. Азбаски таълим, асосан, дар байни ҳамагон сурат мегирад, хонандагон малакаи ба таври ҳамагонӣ зиндагӣ ва меҳнат карданро меомӯзанд, дар рӯҳи аҳлият тарбия меёбанд. На танҳо мазмун, балки методҳои ташкили корҳои таълимӣ ба ташаккули симои ахлоқии хонандагон таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Нақши асосӣ ва ҳалкунанда дар тарбияи хонандагон ба муаллим тааллуқ дорад. Мазмун ва методи ҳар як дарсро ӯ муайян мекунад. Ҳамчунин, ӯ хонандагонро бо ахлоқ ва симои маънавии худ тарбия менамояд. Ҳар як муаллим, қатъи назар аз он ки аз кадом фан дарс мегӯяд, баробари таълим вазифаҳои тарбиявии мактабро вусъат медиҳад, таъсири доимии тарбиявии хонандагонро  таъмин менамояд.

Тарбия дар навбати худ ба сохт ва сифати таълим таъсири ҷиддӣ мерасонад. Кори тарбиявии моҳирона ташкилшуда яке аз шартҳои баландгардонии сифати таълим дар мактаб мебошад. Таҷрибаи мактабҳо нишон медиҳад дар ҷое, ки хонандагон дар рӯҳи муносибатҳо бошуурона ва масъулиятнок ба кори таълим тарбия ёфтаанд, дар ҷое, ки  синфҳо ба гурӯҳҳои тифоқ ва мақсаднок табдил дода шудаанд, дар ҷое, ки тарбия дуруст ба роҳ монда шудааст, дараҷаи азхудкунӣ баланд аст. Дар синфҳое, ки кори тарбия дуруст ташкил наёфтааст, сифати дониш ва дараҷаи инкишофи тафаккури хонандагон паст аст.

Ҳамин тариқ, тарбия ва таълим бо ҳам робита ва вобастагии зич доранд. Таълим ҳамчун воситаи муҳими тарбия, аммо тарбия шарти зарурии баландшавии сифати таълим мебошад.

Таълимро танҳо дар доираи дарс ва тарбияро танҳо ба чорабиниҳои берун аз дарс маҳдуд кардан дуруст нест. Дар дарсҳо масъалаҳои таълимӣ ва ҳам тарбиявӣ баробар ҳал карда мешаванд. Дар ҷараёни корҳои беруназсинфӣ ҳамбаста бо тарбияи мактабиён дониши онҳо пурра гардида, ҷаҳонбиниашон вусъат меёбад.

Сабоҳат Даминова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш