Нашрияи Омӯзгор

Биҳанифа Валиева – ғолиби озмуни “Мураббияи сол”

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар мактаби хусусии «Паймони азизон»-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи ҷамъбастии озмуни шаҳрии «Мураббияи соли Тоҷикистон» баргузор гардид.  Дар даври аввали озмун 31 нафар мураббӣ ширкат варзида, аз рӯйи шартҳои “Мизи мудаввар”, “Тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости доварон”, “Машғулияти таълимӣ”, “Муаррифии фаъолияти педагогӣ”, “Дониш ва маҳорати касбии мураббиён” ва “Таҳлили ҳолатҳои равонии педагогӣ” маҳорати хешро нишон доданд. Ба даври ниҳоии озмун се нафар роҳхат гирифтанд.

Мақоми аввалро мураббияи ширхоргоҳ - кӯдакистони рақами 27 Биҳанифа Валиева ишғол кард. Ҷойи дуюм насиби мураббияи кӯдакистони хусусии “Дилоро” Марҷина Ҳасанова гардид. Зинаи сеюмро мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 20 Мадина Боирова ба даст овард.

Биҳанифа Валиева барои иштирок ба озмуни вилоятии “Мураббияи соли Тоҷикистон” роҳхат гирифт.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш