Таълиму тарбия амали хеле ҷиддию ҳадафмандона ва масъулиятбор буда, аз омӯзгорон омодагии ҷиддӣ ва масъулияти ҳамешагӣ тақозо дорад. Дар таълиму тарбия нуктаи дуюмдараҷа мавҷуд нест, ин маврид андаке бесалоҳиятиву фориғболӣ метавонад ба пайомади номатлуб боис гардад.
Аз ин рӯ, дар ин самт ҳар як амали омӯзгор бояд қаблан андешидаву ба нақша гирифта шавад. Аз ҷумла, ҷараёни тарбияро дар мактаб, дар синфи алоҳида, дар фаъолияти омӯзгор бояд ба таври ҷиддиву дақиқ ба нақша гирифт. Инро мураккабию гуногунбахшии кори тарбия низ тақозо дорад. Банақшагирии кори тарбия ба бонизомию судмандӣ ва фарогир будани фаъолияти омӯзгор ва роҳбари синф мусоидат мекунад. Банақшагирии корҳои тарбиявӣ амали эҷодкорона ва дурандешона аст. Ин амалро метавон барои ҳафта, моҳ, чоряк, нимсола ва тамоми соли таҳсил анҷом дод. Беҳтар он аст, ки нақшаи тарбиявӣ барои чоряк ва нимсола таҳия гардад.
Чунонки гуфтем, навиштани нақшаи корҳои тарбиявӣ амали эҷодкорона аст ва иртибот дорад бо қобилияту истеъдод, имконоти омӯзгор ва сатҳи одоб, бинишу фаҳмиши аҳли синф ва омилҳое монанди инҳо. Ба ҳар ҳол, вобаста ба таҷрибаву корбасти худ мо чанд нуктаеро таъкид месозем, ки ҳангоми таҳияи нақшаи корҳои тарбиявӣ онҳоро ба инобат гирифтан аҳамият ва мазмуну муҳтавои фаъолияти омӯзгорро дар ин самт тақвият хоҳанд бахшид. Хуб мешавад, агар нақшаи корҳои тарбиявӣ бобҳои зеринро дар бар бигирад: тавсифномаи синф ва самтҳову вазифаву ҳадафҳои асосӣ дар чоряк (нимсола, соли таҳсил); машғулиятҳо вобаста ба такмили одобу дониши хонандагон; тарбияи ахлоқии аҳли синф; тарбияи касбинтихобкунӣ ва ҷалби хонандагон ба корҳои ҷамъиятӣ; тарбияи эстетикии хонандагон ва баргузор намудани маҷмӯи машғулиятҳои варзишӣ; тадбирҳо вобаста ба риояи тозагию гигиенаи мактабӣ, ҳифзи саломатӣ; ҳамкорӣ бо созмонҳои талабагӣ ва маҳфилҳои гуногун; кор ва иртиботи ҳамешагӣ бо падару модарон; ахбори ҳамарӯза вобаста ба ҳодисоти воқеоти ҷумҳурӣ ва ҷаҳон. Дар маҷмӯъ, корҳои тарбиявии роҳбари синф ва омӯзгори алоҳида бояд ҳамбастагии ҳадафу вазифаҳоро таъмин созад, мазмуну методҳои тарбияро дарбар гирад, ба рӯҳияи аҳли синф, қобилияти хонандагон, хусусиёти синнусолии онҳо мутобиқат кунад, воқеъбинона, бо дарназардошти имконоти мавҷуда таҳия шавад ва ба нақшаи тарбиявии мактаб ҳамоҳангӣ дош-та бошад.
Умуман, ба нақшаи амиқу воқеӣ гирифтани корҳои тарбиявӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини самаранокию муназзамӣ ва ҳадафмандии фаъолияти роҳбари синф мебошад.
Зулфияхон ОЙМАТОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр