Нашрияи Омӯзгор

Ба кордон кор осон

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

- Вохӯрии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли маорифи кишвар хеле хотирмону хурсандибахш буд. Мо, омӯзгорон, бо илҳом аз суханҳои гуҳарбори Сарвари давлат мекӯшем, ки шогирдонамонро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намоем.

Баланд бардоштани маоши омӯзгорон, бунёди мактабҳои замонавию ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир  кормандони соҳаи маорифро рӯҳбаланд ва ба касбу ихтисосашон дилгарм месозад, - мегӯяд директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Низорамоҳ Тоирова.

Омӯзгори заҳматпеша Низорамоҳ Тоирова дар шаҳри бостонии Кӯлоб ба дунё омадаву ба воя расидааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб аз соли 1993 дар муассисаи таълимии №9-и шаҳри мазкур ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ корро оғоз намудааст. Солҳои 2006-2010 дар мактаби №94-и ноҳияи Сино омӯзгор, сипас, солҳои 2010-2012 ҳамчун ҷонишини директор дар мактаби №37-и ҳамин ноҳия ва солҳои 2012-2019 директори муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Сино  фаъолият намудааст. Аз аввали соли ҷорӣ сарварии мактаби №33-и ноҳияи номбурдаро бар дӯш дорад. Роҳбарии таълимгоҳ барои як бону-як модар амали осоне нест, аммо Низорамоҳ бо ҷаҳду талоши зиёд ба кор машғул аст. Ӯ бонуи масъулиятшинос, тозакор, хоксор, серталаб ва ҷӯянда буда, дар байни ҳамкорону волидони шогирдонаш ҳурмату эҳтироми зиёд дорад. Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим саъйи зиёд мекунад. Натиҷаи меҳнату талошҳои ӯ мебошад, ки хонандагони мактаби №33 дар озмуну сабқатҳои сатҳи ғолиб ноҳиявию ҷумҳурӣ мегарданду ному шарафи муассисаро баланд мебардоранд. Низорамоҳ дар баробари ин, хонандагони ятиму бепарасторро дастгир асту ба камбизоатон мададгор.

Дар таълимгоҳ бо ташаббуси бевоситаи муаллима чорабинию маҳфилҳои дилнишине, амсоли «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат ҳастанд», «Истиқлолият-бахту саодати миллат», «Паёми Сарвари давлат-дастурамали кори мо», «Сулҳ-хушбахтии модарон», «Волоияти қонун-оромии ҷомеа» гузаронида мешаванд, ки баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон нақши мондагор доранд. 

Файзимоҳ Алиева,

Аълочии маорифи Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш