Нашрияи Омӯзгор

Ташаккули эҳсоси зебоипарастӣ

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Саводи мусиқӣ асоси зебоипарастӣ ва дарки ҳиссу эҳсосоти инсонӣ мебошад ва бояд ягон фарди ҷомеа аз ин илм бебаҳра намонад.

Талаботи омӯзиши фанни мусиқӣ талаб менамояд, ки шунавоии мусиқӣ ва ҳис кардани ритм (зарб) мунтазам инкишоф ва дарки хуби маҳорати сарояндагии хонандагон сайқал дода шавад. Ба рушди сифатҳои овозхонӣ ва ҳиссиёти сарояндагии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба дарки мазмуни шеър, талаффузи дуруст ва буррои калимаҳо эътибори ҷиддӣ мебояд.

Дар гимназияи хусусии «Тоҷикистон», ки чор сол боз ҳамчун омӯзгори суруд ва мусиқӣ фаъолият дорам, ба фанни мусиқӣ аҳамияти калон зоҳир карда мешавад.

Мутаассифона, дар баъзе муассисаҳо ба омӯзиши фанни суруд ва мусиқӣ ғайримутахассисҳо машғуланд, ки ин сифати таълими мусиқиро хеле коста мегардонад. Хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ (1-4) дарси суруд намехонанд, гӯем ҳам, хато намекунем. Вақте ки хонандагон синфи чорро хатм карда, ба синфи панҷ мегузаранд, онҳо дар бораи назарияи ибтидоии мусиқӣ маълумоте надоранд, қоидаҳои тарзи сароидан дар хор (гурӯҳихонӣ)-ро риоя намекунанд. Агар хонандагон аз хурдсолӣ тарзи дар саҳна истодану сурудхонӣ, шеърхонӣ, рақсидану ҳаракатҳои мавзунро омӯзанд, ин ба онҳо имкон медиҳад, ки дар дигар фанҳо низ фаъол бошанд. Дар маркази диққати фанни мусиқӣ бояд рушди шахсияти кӯдак гузошта шавад. Суруду оҳангҳо ба синну соли хонандагон мувофиқ бошанд ва асбобҳои мусиқиро дар дасташон дошта тавонанд. Мутаассифона, дар қисме аз мактабҳо хонандагон асбобҳои мусиқиро танҳо аз «дурӣ» мебинанд, синфхонаҳои махсус барои мусиқӣ намерасад.

Барои гузаронидани чорабиниҳо ва бо сифати баланд гузаштани дарсҳои мусиқӣ ба наздикӣ аз тарафи маъмурияти гимназия ба мо асбоби мусиқии синтезатор ва воситаҳои техникӣ – баландгӯякҳои фосилавӣ (микрофонҳои дистансионӣ) туҳфа гардид, ки ин шавқу рағбати моро боз ҳам зиёдтар гардонид. Ҳамин аст, ки хонандагон дарси сурудро бесаброна интизор мешаванд, чунки дар дарсҳои мусиқӣ хонандагон дар баробари сурудан мерақсанд, чаппак мезананд, аз асбобҳои бачагонаи мусиқӣ, аз қабили дуторча таблаку дойрачаҳо истифода мебаранд.

Абдушафӣ БАҲРОНОВ,

омӯзгори суруд ва мусиқии

гимназияи хусусии «Тоҷикистон»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш