Нашрияи Омӯзгор

Истиқболи самимона

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Гурӯҳи омӯзгорон, кормандони маорифи шаҳр ва вилоят таҳти сарварии сардори раёсати маорифи ВМКБ Одинашоҳ Мардов ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ- Гурҷистон-2019” – ро самимона истиқбол намудаанд.  22 ноябр дар шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ (GAMA) олимпиадаи 4 –и байналмилалии “Арифметикаи зеҳнӣ-Гурҷистон-2019” баргузор ва ҷамъбаст гардид, ки дар он хонандагон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон байни худ рақобат карданд. Хонандагони ВМКБ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғ тайёрӣ дида истодаанд, иштирок доштанд.  Ғолибони озмун аз ҷониби Раёсати маорифи ВМКБ бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

 Ҷ . Қозибеков,

 “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш