Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ омили пешравист

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Насли наврас дар мактаб бо олами касбу ҳунар шинос гардида, ба ҳар гуна фаъолияти меҳнатӣ шавқу рағбат пайдо мекунад. Хонандагон дар интихоби касб ҳангоми  илмандӯзӣ  дар мактаб ва берун аз он таваҷҷуҳ ва майлу шавқ пайдо карда, қобилияти  эҷодкории худро рушду сайқал медиҳанд.  Мусаллам аст, ки  хонандагон дар интихоби дурусти касб ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ҳамин лиҳоз, қисме аз толибилмон  аз уҳдаи  интихоби  касби  ояндаи  худ намебароянд, чунки дар аксар ҳолат тасмим аз тарафи волидайн гирифта мешавад.

Интихоби нодурусти касб дар рушди ояндаи толибилмон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, баъзе аз хатмкунандагон наметавонанд аз рӯйи ихтисоси хеш фаъолияти пурсамар намоянд. Аз ин рӯ,  бояд ҳангоми интихоби касб хонандагонро ба ихтисосҳои писанду мақбулашон ташвиқу тарғиб намоем. Дар ин масъала омӯзгоронро мебояд масъулияти бештар эҳсос намуда, хонандагонро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ намоянд, то хонандагон он касбҳоеро интихоб кунанд, ки дархӯри ҷомеа бошанд ва дар рушди иқтисоди кишвар саҳми босазо гузошта тавонанд.

 

Марзия АБДУҒАНИЕВА,

омӯзгор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш