Нашрияи Омӯзгор

Ҳаракати каҷхатта

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

Таҷрибаи педагогӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ кадом методу усул мисли тасаввуроти аёнӣ ба хотираи хонандагон таъсири амиқ бахшида наметавонад.

Барои ҳамин дар табиат бисёр ҳаракатҳое дучор меоянд, ки масири онҳо на хати рост, балки хати каҷ аст. Онҳоро ҳаракати  каҷхатта меноманд. Сайёраҳо ва радифҳои маснуи замин дар фазои  кайҳон, ҳамагуна воситаҳои нақлиёти қисмҳои мошину механизмҳо, оби дарёҳо, ҳавои атмосфера ва ғайра дар рӯи замин масири каҷхатта  доранд. Ҳал кардани масъалаҳо оид ба ҳаракати каҷхатта душвортар аст, зеро ки ин ҳаракат назар  ба ҳаракати ростхатта мураккабтар мебошад. Дар ингуна ҳаракат акнун наметавон гуфт, ки танҳо як координати ҷисм тағйир меёбад. Агар, масалан, ҳаракат дар ҳамворӣ ба амал ояд, ду координата тағйир меёбад: х ва у, самти ҳаракат, яъне самти вектори суръат низ ҳамеша тағйир мепазирад. Самти вектори шитоб низ тағйир меёбад. Агар ин ҷо боз   илова кунем, ки модулҳои суръат  ва интихоб ҳам тағйир меёбад.

Азбаски дар ҳалли масъалаҳои механика ҳисоби қиматҳои  суръат ва шитоб басо муҳим аст, мо, пеш аз ҳама, бояд аниқ кунем, ки ин бузургиҳо чӣ тавр тағйир меёбанд. Мо медонем, ки дар ҳаракати ростхатта самти вектори суръат ҳамеша ба самти кӯчиш як аст.

Албатта, гуфтан мумкин нест, ки суръати ҷисм ҳангоми ҳаракат аз рӯи вектори кӯчиш равона аст. Дар байни нуқтаҳои А ва В якчанд хорда мегузаронем. Тасаввур мекунем, ки ҷисм маҳз аз рӯи ҳамин хордаҳо ҳаракат мекунад ва дар ҳар яке онҳо ҳаракати ростхатта асту вектори суръат ба самти хорда равона мебошад.

Баъди ин қитъаҳо (хордаҳо)-ро кӯтоҳтар мекунем, боз мисли пештара дар ҳар яке онҳо вектори суръат ба самти хорда равон аст. Аммо чуноне ки мебинем, хати шикаста акнун ба хати каҷи якнавохт монандтар шудааст. Пас, метавон гуфт, ки агар мо дарозии хордаҳоро торафт хурдтар кардан гирем, гӯё онҳоро ба нуқтаҳо ва хати шикастаро ба хати каҷи якнавохт табдил  медиҳем. Суръат бошад, дар ҳар як нуқтаи ин хат ба самти расандае равона аст, ки аз ҳамин нуқтаи хати каҷ мегузарад.

 

Азизулло Абдулҳаев,

омӯзгори физика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш