Нашрияи Омӯзгор

Манфиати донистани ченакҳо

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Дар ҳаёти воқеӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи ҳар яки мо шояд аз ҳама бештар донишҳои математикӣ ба кор оянд. Мо қариб сари ҳар амале ниёз ба ҳисобу амалҳову нишондодҳои марбут ба фанни математика пайдо мекунем. Махсусан, донистани ҳисобкунии масоҳати ашё, миқдору вақт, дарозию вазн ва монанди инҳо барои ҳар фард зарур аст.

Математика, воқеан ҳам, илми ҳаётист ва инро мо сари ҳар қадам ҳис менамоем. Бояд бо шогирдони худ ҳангоми дарсҳо аз фанни математика ин нуктаро таъкид кунему шарҳ диҳем. Ман дар машғулиятҳои худ бо хонандагон илова ба дафтарҳои даврии муқаррарӣ зарурати доштани дафтари махсусеро талаб мекунам, ки дар он муҳимтарин амалҳои математикӣ барои азёд кардан дарҷ шаванд. Як қисмати бузурги ин дафтарро сабтҳо вобаста ба воҳиди ченакҳо ташкил медиҳанд, бо талабе, ки ҳамаи хонандагон ин ченакҳоро азёд намоянд. Бахше аз ин қисмат аз тавсифи ченакҳои халқии тоҷикӣ иборат аст. Калимаю ибораҳои ман, нимман, нимсер, панҷсер, пут, чаҳоряк, нимхӯрд, ятимак, қирот, мисқол, якрӯза роҳ, фарсанг, мил, газ, оринҷ, як тоқӣ, ваҷаб, қад, ҷӯра, таноб, қадоқ, фарсах… ифодагари ченакҳои халқӣ мебошанд. Масалан, як пут ба 16 кг, чаҳоряк ба 4 кг, ятимак ба 500 гр, ғарибак ба 250 гр, якрӯза роҳ ба 40-45 км, як газ ба 91,5 см баробар аст.

Номи ададҳо аслан чандон масъалаи мураккаб нест, вале ба хонандагон таъкид бояд карду шарҳ бояд дод, ки пас аз триллион боз кадом калимаҳои ифодакунандаи ададҳо ҳастанд. Вобаста ба ин, дар дафтари хонандагон калимаҳои ифодакунандаи ададҳои бузурги дигар пайдо мешаванд: триллиард, квадриллион, квадриллиард, квинтиллион, квинтиллиард, секстиллион, секстриллиард, сеплиллион, септиллиард, октиллион, октиллиард, нонниллион, нонниллиард, детсиллион, детсиллиард… ва зиллиону зиллиард…

Ҳамчунин, донистани ҳисоби миёнаи суръати ҳаракати одамону мавҷудот ва ашёи дигар барои хонандагон ҳам мароқавор ва ҳам судманд хоҳад буд.

Чунончи, одам дар як соат 5 км, лижарон 10 км, харгӯш 65 км, асп 12 км, саги шикорӣ 90 км, поезди мусофиркаш 80 км, вертолёт 200 км, матотсикл 90 км, велосипед 12 км, ҳавопаймои ТУ-134 900 км, автомобил 80 км… ҳаракат мекунанд.

Массаи (вазни) миёнаи як литри баъзе моеъҳоро донистан низ аҳамиятнок аст. Масалан, як литр бензин 690 гр, як литр оби баҳр 1 кг 250 гр, як литр карасин 800 гр, як литр равған (офтобпараст) 225 гр ва як литр симоб 13 кг 600 гр мебошад.

Ба ин гуна, омӯзиши воҳиди ченакҳо доираи донишҳои математикии хонандагонро хеле васеъ мегардонад ва онҳоро ба фаъолияти густурда дар зиндагӣ омода месозад.

 

Шаҳноза ҶАМОЛИДДИНЗОДА,

омӯзгори математика

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш