Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиш гуногунрангӣ мехоҳад

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Забономӯзӣ амали муфиду донишафзо буда, таваҷҷуҳ, ҷидду ҷаҳд ва азму иродаи қавӣ мехоҳад. Дар мактабҳои ҷумҳурии мо дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти мамлакат ва ҳамбаста ба ниёзмандиҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ба омӯзиши забонҳо, махсусан, забонҳои русию англисӣ, олмонию фаронсавӣ ва арабӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Дар баробари ин, хонандагони ғайритоҷик, ки дар таълимгоҳҳои кишварамон таҳсил доранд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатии Тоҷикистон меомӯзанд. Ба хонандагоне, ки забони модариашон тоҷикӣ нест, омӯзонидани забони давлатӣ (тоҷикӣ) масъулияти зиёд тақозо дорад. Дар ин самт истифода аз методҳои фаъоли таълим, аёният, корбасти усулҳои салоҳиятноки таълим ва амсоли инҳо пурсамар хоҳад буд. Барои он ки шогирдон ба омӯзиши забони тоҷикӣ шавқманд бошанд ва аҳамияту моҳият, мақому мартабаи ин забони қадимиро хуб бидонанд, ба онҳо оид ба масоили зерин ба таври муассиру ҷолиб ва таваҷҷуҳовар дар лаҳзаҳои гуногуни дарсҳо ҳикоят бояд кард, суҳбату мубоҳиса бояд орост:

- нақл дар бораи таърихи забони тоҷикӣ;

- иқтибосҳо (бо шарҳи мухтасар) аз гуфтаҳои бузургон дар ситоиши забони тоҷикӣ;

- хондани намунаҳо аз шеърҳое, ки дар арҷгузории забони тоҷикӣ гуфта шудаанд;

- ҳикоят дар бораи Тоҷикистон, саҳнаҳо аз таърихи кишвар, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва фарҳангии мамлакат;

- суҳбат дар мавзӯи «Душанбе – пойтахти Тоҷикистон»;

- навиштани иншои озод дар мавзӯи «Ман забони тоҷикиро дӯст медорам»;

- нақл аз рӯи расмҳое, ки манзараҳои дилрабои ҷумҳуриро инъикос менамоянд;

- тамошои филмҳои мустанад оид ба Тоҷикистон ва таъриху мавзеъҳои он;

- оростани мубоҳиса вабаста ба мавзӯи «Биёед, бо забони тоҷикӣ беғалат сухан мегӯем»;

- ташкили озмуни кӯчаки «Кӣ бештар луғати нав омӯхтааст?»;

- ҳикоят дар бораи адибони машҳури тоҷик ва эҷодиёти барҷастаи онҳо…

Албатта, боз тадбирҳои зиёдеро вобаста ба ин масъала метавон корбаст кард. Як амали ҳамешагӣ дар дарсҳои забони давлатӣ бояд луғатомӯзӣ бошад. Агар шогирдони мо ҳафтае даҳ луғати нав аз забони давлатӣ биомӯзанд, дар як соли таҳсил ҷамъулҷамъ наздик ба чорсад луғат мешавад, ки ин бунёди луғатҳои ҳар як забонро метавонад ифодагар бошад.

 

Шаҳноза ТОҶИДДИНОВА,

омӯзгори забони давлатӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш