Нашрияи Омӯзгор

Инкишофи қобилияти маърифатии кӯдакон

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Дар  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Масъалаҳои инкишофи қобилиятҳои маърифатии кӯдакон конфронс баргузор гашт.

Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба таҳкими иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аҳамияти хоса зоҳир намудан вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Яъне дар баробари вусъат бахшидани ислоҳоти соҳаи маориф, инчунин, ба инкишофи таҳсилоти томактабӣ диққати махсус дода мешавад. Хусусан, дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд кардан, барои пешрафти соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ректори донишгоҳ афзуд, ки ташкил ва гузарондани конфронси мазкур ба дарки моҳияти гузариш ба шакли нави фаъолият ва рушди муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакон, ки барои рушди устувори ҷомеаи мо муҳим аст, мусоидат мекунад.

Баъдан, намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Тошматова доир ба рушди муассисаҳои томактабӣ, мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ, номзади илмҳои педагогӣ - Машҳура Азимова дар мавзӯи “Нақши нутқ дар ташаккули тафаккури кӯдакони синни томактабӣ”, мураббияи кӯдакистони №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова оид ба “Истифодаи тестҳои лоиҳавӣ барои муайян намудани мавқеи кӯдак дар оила” ва мураббияи муассисаи давлатии “Кӯдакистони президентӣ”-и шаҳри Хуҷанд Мухбира Шамсиева дар мавзӯи “Ташаккули қобилияти маърифатии кӯдакони хурдсол дар муассисаҳои томактабӣ” маърӯза намуданд.

 

Алишер Раҳмонӣ,

котиби матбуоти Маркази

иттилоот  ва таҳлили ДДХ

ба номи академик Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш