Нашрияи Омӯзгор

«Ҳуши сунъӣ» - тозатарин падидаи технологӣ

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар

шумораи гузашта)

Калимапардозӣ. 

Калимапардозӣ ва баррасии матн аз назари сарфу наҳви забонӣ ва иштибоҳоти имлоӣ тибқи  корбурдҳои классикии ҳуши сунъии рамзӣ анҷом дода мешавад. Дар ин маврид равишҳои забон  мисли як шабакаи печидае ва дорои қонунҳову дастурамалҳо таъриф мешаванд, ки қитъаоти матнро дар як ҷумла  таҷзия ва таҳлил мекунанд ва баъзан иштибоҳотро низ муайян ва ислоҳ менамоянд.

Хулоса,  “Ҳуши сунъӣ” чизе нест, ки дар заминаи холӣ ба вуҷуд омада бошад. Ин падида дар ҳавзаи илми электроника падид омада, ба пешрафтҳои бузурге рӯ ба рӯ аст. Ҳоло дар Аморати Муттаҳидаи Араб  Вазорати ҳуши сунъӣ фаъолият менамояд. Умар Уламо Ашрофи 27 - сола 25 октябри соли 2017 нахустин вазири Ҳуши сунъӣ дар ин давлат таъйин шудааст. Дар Федератсияи Россия барномаи махсус – Стратегияи рушди Ҳуши сунъӣ то соли 2030 қабул гардидааст.

Айни замон Ҷумҳурии Исломии Эрон  вобаста ба коргирӣ аз “Ҳуши сунъӣ” дар байни давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи 15-ум қарор дорад.

Феълан “Ҳуши сунъӣ” дар самтҳои мухталифи иқтисоди Федератсияи Россия истифода мегардад. Дар назар аст, ки дар ин  давлат  ояндаи наздик ташхиси тиббии шаҳрвандон тавассути “Ҳуши сунъӣ”, дар асоси маводи биологӣ анҷом дода шавад. Амалисозии ин навоварӣ дар соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати амалӣ шудани барномаи мазкур “Ҳуши сунъӣ” намунаи бофтаҳо, хун, пешоби маризони мубтало ба бемориҳои ҷиддии гуногун, аз ҷумла, синдромҳои онкологии ирсиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Маълумоти бадастомада бо иттилооти аз муассисаҳои мухталиф дастрасгардида муқоиса шуда, сипас ба бемор табобати мушаххас пешниҳод   мегардад.

  Инчунин, дар Федератсияи Россия дар робита ба рушди “Ҳуши сунъӣ” эътилофе таъсис дода шудааст, ки ба он “Амонатбонк”-и ин давлат, Яндекс, Mail. ru Group, МТС, “Российский фонд прямых инвестиций” ва “Газпром” шомил мебошанд. Ин эътилоф бо мақсади коркарди технология, бунёди пояи қонунгузорӣ дар замина, ҷалби сармоягузорӣ, анҷом додани пажӯҳишот ва истифодаи сареи “Ҳуши сунъӣ” созмон ёфтааст.

Вазорати дифои ин кишвар роҷеъ ба истифодаи “Ҳуши сунъӣ” ва барномаи BIG DATE дар низоми иттилоотии идоракунии амалиёти муҳорибавӣ эълон доштааст.

Дар назар аст, ки ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи техникаи зиреҳдор дар саҳнаи ҳарб тавассути “Ҳуши сунъӣ” анҷом дода шавад.

Ҷиҳати амалисозии ин ҳадаф низоми автоматии идоракунӣ мавриди истифода қарор мегирад.   Акнун ин ҳама тавассути алгоритми махсус амалӣ мегардад. Бо истифодаи ин барнома фармондеҳ метавонад дар муддати чанд сония қарори ниҳоӣ қабул намояд.

Аз ҷониби дигар, “Ҳуши сунъӣ” ба рушди таҳсилоти ОНЛАЙН мусоидат менамояд. Дар Амрико ва Урупо ба истифодаи ин намуди таҳсил дар ибтидои солҳои 2000 –ум рӯ оварда буданд. Соли 2017 дар феҳрасти махсуси нармафзори ин намуди  таҳсилот бештар аз 9000 курс (дар 800) донишгоҳ  ғунҷонида шуда буд.

Ҳоло дар ИМА ҳар сеюмин донишҷӯ аққалан ба як курси  ОНЛАЙН номнавис шудааст. Тибқи иттилои ЯНДЕКС теъдоди иштирок дар таҳсилоти ОНЛАЙН то 60% меафзояд.

Дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил корҳои анҷом додашуда дар замина чандон назаррас нест. Танҳо Федератсияи Россия дар даҳгонаи давлатҳои дорои ин намуди технология шомил буда, дар мақоми 9-ум қарор дорад.  Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, вобаста ба рейтинги «Ҳуши сунъӣ» ҷои 22-юмро соҳибӣ кардааст. Лекин давлатҳои дигар бо рушди коммерсияи электронӣ  ба низоми Ҳуши сунъӣ наздик шуда истодаанд. 

Вокуниши Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҳуши сунъӣ. Ин ҷумҳурии ба мо ҳаммарз соли 2018  Стратегияи рушди инноватсиониро барои солҳои 2019-2021 қабул намудааст, ки шарти муҳиммест барои рушди пӯёи (динамикии) воридсозии технологияи инноватсионӣ дар бахши иқтисод ва иҷтимоиёти ин кишвар.  Олимони Ӯзбекистон чунин ақида доранд, ки “Ҳуши сунъӣ”-ро дар ояндаи наздик дар соҳаи тандурустӣ, кишоварзиву маориф ва мубориза алайҳи офатҳои табиӣ истифода бурдан мумкин аст. Лекин истифодаи “Ҳуши сунъӣ” кори саҳл нест, маблағгузории ҳангуфтеро талаб мекунад,  дар ҳоле ки ширкатҳои  ватанӣ барои истифодаи  “Ҳуши сунъӣ” қодир нестанд. Барои тарҳрезӣ ва амалӣ намудани чунин иқдомот маблағгузории давлатӣ лозим меояд.”

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо рушди технологияи электронӣ ба низоми Ҳуши сунъӣ наздик шуда истодааст. Қабули Консепсияи эҷоди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 далели гуфтаҳои болост. 

Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон портали ҳукумати электронии http://hukumat.tj/glav/taj рӯйи кор омада, дар он иттилооти вобаста ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маълумотҳои дигари хизматрасонӣ ғунҷонида шудаанд.  

Зикр кардан бамаврид аст, ки  ҷиҳати рушди низоми  электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳо амалӣ шудаанд, аз ҷумла:  насби камераҳои назоратӣ   дар роҳҳо, дар биноҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои мухталиф, эълон доштани шаҳрҳо ва роҳҳои бехатар, истифодаи  логистикаи замонавӣ дар соҳаи маориф ва тиб  қадамест ба сӯи “Ҳуши сунъӣ”.

***

Ҳоло дигар ба қудрати фавқулоддаи “Ҳуши сунъӣ” шакку шубҳае нест. Шаҳрҳои бехатару роҳатбахшу фараҳафзо, табобати дастрасу басифат, низоми нақлиётии мутмаин, кайҳонкушоиву омӯзиши уқёнусҳо ва гузашта аз ин, қудрати дифоии ҳар як кишвар ба “Ҳуши сунъӣ” вобаста хоҳад буд. Ин падидаи техникиро метавон ба ҳайси як манбаи қудрати  азим арзёбӣ намуд. Ҳар давлате, ки чунин қудратро дошта бошад, дар рақобат тавонманд хоҳад буд. Беҳуда нагуфтаанд, сабқати технологие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ рӯи кор омадааст, дар таърихи тамаддуни башар аз ҳама сахт ва ғайри қобил хоҳад буд.

 

Суҳроб Ҳасанов,

мутахассиси пешбари шуъбаи

илми коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш