Нашрияи Омӯзгор

Маориф ва илм дар соли 2019

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Соҳибназар Сафаров - сардори шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва рушди барвақтии кӯдак:

- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Дар соли 2019 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 659 адад ва теъдоди тарбиягирандагон ба 97 230 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 23 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 652 нафар кӯдак зиёд мебошад. Айни замон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2162 нафар, дар вилояти Хатлон 147 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 15 679  нафар, дар вилояти Суғд 270 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 42 878 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 81 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 9426 нафар ва дар шаҳри Душанбе 135 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 27 885 нафар кӯдак фаъолият менамоянд.

Дар нимсолаи  аввали соли 2019 теъдоди Маркази инкишофи кӯдак  ба 1973 адад расида, дар онҳо 52 298 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд, ки ин нисбат ба соли 2018  276  марказ ва 5938 нафар кӯдак зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ВМКБ 267 адад бо фарогирии 6262 нафар, дар вилояти Суғд 552 адад бо фарогирии 16 450 нафар, дар вилояти Хатлон 791 адад бо фарогирии 18 942 нафар, дар шаҳри Душанбе 2 адад бо фарогирии 131 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 361 адад бо фарогирии 10 513 нафар кӯдак фаъолият менамоянд.

Ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295)  айни замон дар ҷумҳурӣ 153 муассисаи томактабии хусусӣ ва Маркази хусусии инкишофи кӯдак бо фарогирии 8200 кӯдак фаъолият менамояд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 55 Маркази инкишофи кӯдаки хусусӣ бо фарогирии 1323 нафар, дар шаҳри Душанбе 31 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 1844 нафар, дар вилояти Суғд 48 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 3662 нафар, дар вилояти Хатлон 7 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 461 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 910 нафар тарбиягиранда фаъолият менамоянд.

Ҷиҳати ба мактаб омода намудани кӯдаконе, ки ба муассисаҳои таълимии томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21 январи соли 2015 №783) «Дар бораи фарогирии кӯдакони синни 7-сола ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар моҳи август» Вазорати маориф ва илм «Барномаи омода намудани кӯдакони синни 6-7 соларо ба таҳсил дар синфи 1» барои 1 моҳ таҳия намуд. Дар моҳи августи соли 2019 шумораи кӯдакони ба ин барнома фарогирифташуда 222 365 нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2018  2835 нафар кӯдак зиёд мебошад.

Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд ба шумор меравад. Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11 682 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамоянд.

Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи кӯдакони аз 3 то 6 - сола ба 1 137 400 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2015  255000 кӯдак зиёд мегардад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд аз 14,5% то ба 30% расонда шавад.

Қутбиддин Муҳиддин-зода - сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ:

- Теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар кишвар ба 3884 адад мерасад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил ва тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29.11.2017, №544) «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии  ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» харидории 2139 кабинети фаннӣ, 289 лабораторияи таълимии физика, 254 кабинети химия, 243 кабинети биология, 183 кабинети география, 207 кабинети  математика, 216 кабинети технологияи иттилоотӣ ва  655 кабинети суруду мусиқӣ ба нақша гирифта шудааст. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2017, №443 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» зери назорати  доимии Вазорати маориф ва илм қарор дошта, тибқи талаботи нақшаи Барномаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бояд дар 5 сол 52017 адад компютер харидорӣ намоянд.

Инчунин, дар соли 2019 аз 600 адад тахтаи электронии нақшавӣ 699 адад харидорӣ гардид. Теъдоди видеопроекторҳо ба 3302 адад расид. Тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ, дар 5 сол бояд 331 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил мегардид. Боиси нигаронист, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 14 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис ёфтааст, ки ҳамагӣ 4,2 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади рушди ҳаракати олимпӣ,  дарёфти хонандагони болаёқат, ҳавасмандгардонии хонандагон олимпиадаҳои гуногун дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар баробари озмуну олимпиадаҳои гуногуни фаннӣ ҳамасола озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати  аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ғолибони озмун аз шаҳри Душанбе-10 нафар, вилояти Хатлон – 3 нафар, вилояти Суғд -9 нафар, ноҳияи Варзоб – 1  нафар мебошанд.  Дар ҳамкорӣ бо Барномаи  дастгирии таҳсилоти босифат – 1, ки бо дастгирии техникии Иттиҳоди  Аврупо амалӣ мегардад, дар  соли 2019 як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Ҷиҳати аз курсҳои омӯзиши муносибати босалоҳият ба таълим гузаронидани омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ ва модарӣ  модулҳои таълимӣ таҳия гардида, ба теъдоди 18 ҳазор нусха бо се забон нашр ва ройгон дастраси омӯзгорон карда шуд. Айни  замон омодагиҳо барои аз курсҳои омӯзишӣ гузаронидани омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ оғоз шуда, маводи таълимӣ аз ҷониби масъулин омода гардидааст. Дар назар аст, ки моҳи сентябри  соли 2020 таълими фанҳои гуманитарӣ аз рӯйи усули муносибати босалоҳият гузаронида шуда, бо ҳамин дар зинаи таҳсилоти умумӣ муносибати босалоҳият ба таълим пурра татбиқи худро меёбад.

Соли 2019  барои бештар таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо адабиёти бадеии кӯдакона корҳои зиёде ба сомон расонда шуд. Тибқи нақша бояд 84 номгӯй асари бадеӣ бо теъдоди 614900 нусха нашр карда шаванд. Китобҳои бадеии нашршуда ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии такягоҳӣ дастрас гардонида шуд. Аз ин 15 номгӯй китобҳои бадеии бачагона тозаэҷод буда, бори аввал нашр мегарданд.

Ҳокимхон Вализода - сардори  раёсати  таҳсилоти  ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:

- Дар давоми соли таҳсили 2018 – 2019 барои ба низоми муайян даромадани ҳамаи паҳлуҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қабули онҳо аз тариқи мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои вазорат ва дигар кумитаю идораҳо як қатор ҳуҷҷатҳо тасдиқ ва ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод карда  шуданд. «Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоикистон барои соли таҳсили 2019 – 2020», қоидаҳои қабули донишҷӯён». Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2019 – 2020», Низомномаи намунавӣ оид ба таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи кории таълимии намунавӣ (силлабус), нақшаи инфиродии донишҷӯ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ»  ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.  Ҳамзамон, дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии методии назди Вазорати маориф ва илм бештар аз 40 стандарти тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (дар маҷмӯъ 112 стандарт) таҳия ва дар мушовараҳои Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардиданд.

Дар муассисаҳои таҳси-лоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ корҳои зиёде анҷом дода шуд. Дар ин  давра таъмири ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо маблағгузории Бонки Рушди Осиё таъмири асосӣ шуда, бо мебел ва дигар таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шуданд.

Ҷалб кардани омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ ба муассисаҳо аз вазифаҳои дигаре буд, ки соли 2019  иҷро гардид. Масалан, дар назди Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон барои омӯзгорони фанни забони русии ҳамаи коллеҷҳо (дар умум 86 нафар) омӯзгор, курси такмили ихтисос ташкил карда шуд. Ҳамчунин, дар ДҶТИБКСМ барои 50 нафар омӯзгори  фанни забони англисӣ курси такмили ихтисос ташкил карда шуда, аз ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон ба он ҷалб карда шуданд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла, 56 литсейи касбии техникӣ ва 7 литсейи касбии саноати кишоварзӣ фаъолият менамоянд. Дар онҳо мутахассисони касбҳои коргариро аз рӯи 14 самт ва 97 ихтисос тайёр мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ин самт камбудиҳо низ ба чашм мерасанд. Нарасидани технологияҳои нав, омӯзгорони соҳибкасб, шартнома бо корхонаҳои давлатию хусусӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои амалӣ, таъмин набудан бо китобу дастурҳои таълимӣ аз ҳамин гуна камбудиҳост.

Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба таълиму тарбия ва омоданамоии кадрҳои зинаи миёнаи касбӣ машғуланд. Соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ доранд, дар соли 2019 натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард.

Дар ҷумҳурӣ 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии хусусӣ ба фаъолият оғоз намуда, теъдоди зиёди довталабонро ба таҳсил фаро гирифтанд.

Фахриддин Ҳайдаров - сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:

– Вазорати маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва рейтинги байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон корҳои назаррасеро ба итмом расониданд. Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои минбаъда Созишнома оид ба фаъолияти якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуд. Дар доираи созишномаи мазкур то имрӯз се ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарз ва ҳуқуқшиносӣ), се ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (кори табобатӣ, дандонпизишкӣ (стоматология) ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати гузаштан аз аккредидатсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ рафта истодаанд.

Дар доираи созишномаи мазкур аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ба 40 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии ҷумҳурӣ ва кормандони Вазорати маориф ва илм сертификати эксперти дараҷаи 3 дода шуд. Айни замон ба ҳайси эксперти байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Дар доираи Лоиҳаи рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 21 лоиҳа аз 18 муассисаи таълимӣ дар комиссияи озмуни лоиҳаҳои грантӣ ба қайд гирифта шуд.

Аз 37 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки донишҷӯён дар олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа донишҷӯёни 17 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

Дар баробари ин, ҷиҳати амалӣ намудани Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, №АП-1165) Тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” таҳия ва 200 нусха дар шакли диск ва китобчаи алоҳида нашр гардида, ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дастрас карда шуд.

Қабули суҳбат бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 62 шаҳру ноҳияи кишвар баргузор гардид. Дар соли таҳсили 2019-2020 1319 ҷой, аз ҷумла, барои духтарон 671 ҷой ва барои писарон 648 ҷой ҷудо  гардидааст.

Носир Сайдализода - сардори раёсати илм ва инноватсия:

– Раёсати илм ва инноватсия дар соли 2019 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо барои соли 2019»-ро таҳия намуда, тибқи муқаррарот ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2019, №79 тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, муассисаҳои зертобеи вазорат зиёда аз 100 конфронсу симпозиум ва анҷуману семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир карда шуд.

            Дар ин давра «Қоидаҳои қабул ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.06.2019, №7/16) ва «Қоидаҳои намунавии қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.06.2019, №7/17), «Қоидаҳои намунавии қабул ба постдокторантура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2019, №12/3), «Тартиби таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат дар постдокторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2019, №12/4) ва «Тартиби ташкили кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-таҳқиқотии постдокторантҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2019, №12/5) тасдиқ гардид.

Бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 50 шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд, ки аз тарафи комиссияи мазкур ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 160 ихтисос диссертатсияҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя карда истодаанд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз зиёда аз 293 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, ки ин метавонад барои пурра таъмин кардани кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мусоидат намояд.

Соли равон шумораи умумии магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 6737 ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) 1176 нафарро ташкил медиҳанд, ки 40% онҳо дар бахши илмҳои дақиқ, техникию технологӣ ва инноватсионӣ ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

23 майи соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Арзёбии сифати таҳсилот: ҳадаф, мушкилот, дурнамо” доир гардид. Дар кори мизи мудаввар  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи иқтисодии Санкт-Петербург (Горбашко Елена Анатолевна) ва ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Илҳом Камолзода - сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:

- Дар соли 2019 роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар дохил ва хориҷи кишвар доир гардид, ширкат намуда, ҷиҳати рушд ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд. Аз ҷумла, аз 30 октябр то 2 ноябри соли 2019 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва рӯзҳои 2-3 декабри соли 2019 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки  дар кори он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳматулло Мирбобоев  ширкат дошт.

Дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистон бо кишварҳои  хориҷӣ, аз ҷумла, Маҷористон, Эстония, Шоҳигарии Испания, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Шоҳигарии Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бруней Доруссалом ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон  пешниҳодҳои мушаххас дар соҳаи маориф ва илм манзур карда шуд.

Вохӯриҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, ЮНЕСКО, Комиссари олии САҲА, Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ  Сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Сафири навтаъиншудаи Ҷумҳурии Исломии  Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кордори Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Латвия, ЮНИСЕФ, ЮСАИД ва намояндагони вазорат бо Ҳайати Шафқат, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Барномаи  рушди  СММ  баргузор  гардид.

Ҳамчунин, якчанд муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар ҷиҳати муаррифии донишгоҳҳо ва баргузории чорабиниҳою вохӯриҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ташриф оварданд.

Дар соли 2019 дар ҳамкорӣ бо вазорат дар соҳаи маориф ва илм якчанд намоишгоҳ ва чорабиниҳо доир гардид:

-Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Полша ва Агентии  мубодилаи академикии он кишвар (NAWA) аз 30 апрел то 2 майи соли 2019 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он 17 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Полша иштирок намуд.

-Намоишгоҳ оид ба дастовардҳои Чин дар зарфи 40 соли ислоҳот ва сиёсати бозшавӣ, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

- Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар шаҳри Душанбе.

Муаррифии 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии шаҳри Пекин аз ҷониби Кумитаи илм ва маорифи шаҳри Пекин дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия.

-18 ноябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ярмаркаи таълимӣ бахшида ба “Ҳафтаи байналмилалии таълимӣ” аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

        Бо ташаббуси Сафорати кишвари Олмон дар Душанбе рӯзҳои  5-12 октябри соли 2019 чорабинии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. Чорабинии мазкур рӯзҳои 5-11 октябр дар истироҳатгоҳи «Баҳористон» ва рӯзи 12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Рӯзҳои 24 -29 ноябри соли 2019 дар кишвари Япония даври омӯзишии Барномаи илмии Сакура 2019 баргузор гардид, ки дар он 3 нафар хонанда ва як муаллим аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар иштирок варзиданд.

Дар  соли 2019 вохӯриҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Нуриддин  Саид  бо мушовири байналмилалии ЮНИСЕФ, ширкати Майкрасофт дар Осиёи Марказӣ, ЮСАИД, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ректори Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов,  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНЕСКО, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Комиссари олии САҲА, Сафири навтаъиншудаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Эрон  доир  гардид. Ҳамзамон, вохӯриҳои муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо намояндагон ва коршиносони ЮНИСЕФ, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, ЮСАИД, Иттиҳоди Аврупо, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Ҳайати Шафқат, ЮНЕСКО, Барномаи рушди СММ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Латвия  баргузор  гардид.

Давоми соли ҷорӣ, аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо вазорат чорабиниҳои зиёд доир гардид.

Дар соли 2019 миёни вазорат бо  Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон  Созишномаи  ҳамкорӣ  ба  имзо  расид.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш