Нашрияи Омӯзгор

Коррупсияро пешгирӣ мебояд

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 844        Шарҳ: 0

 

19 декабри соли равон дар толори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе вобаста ба амалӣ гардидани “Барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор гардид.

 Дар он Маҳмадалӣ Қурбонзода-директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Собирҷон Давлатзод - нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, Бахтовар Сироҷиддинзода-нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок карданд.

Маҳмадалӣ Қурбонзода қайд намуд, ки дар коллеҷ нақша-чорабинӣ ҷиҳати амалӣ гардидани “Барномаи давлатии стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил карда шудааст. Инчунин, комиссияи махсус амал мекунад, ки оид ба фаъолияти худ дар назди Шӯрои олимони коллеҷ ҳар се моҳ гузориши муфассал манзур менамояд. Дар муассиса гӯшаи намунавӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ насб гардидааст.

 

Мавзунахон УБАЙДУЛЛОЕВА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш