Нашрияи Омӯзгор

Терроризм ватан, забон ва дину нажод надорад

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрӣ бо донишҷӯёни фаъол дар мавзӯи «Терроризм ва ифротгароӣ - вабои аср» баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов иштирок ва суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки дар замони муосир ин падидаи номатлуб ва хатарнок дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ паҳн гардида, мафкураи ҷавононро бо ҳар роҳу восита вайрон менамояд. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё торафт зиёд гашта истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.Чанде аз фаъолон ва донишҷӯён фикру ақидаи худро нисбат ба ин падидаи номатлуб баён доштанд.

Аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ба 7 нафар донишҷӯи аълохони донишгоҳҳои олии вилоят стипендияи Кумитаи вилоятӣ ба маблағи 205 сомонӣ таъйин карда шуд. Ҳамчунин, 6 нафар фаъолон, ки дар тарғибу ташвиқи фаъолияти донишгоҳ, саҳм гузоштан дар ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, ватанпарастӣ дар байни ҷавонону наврасон саҳми арзанда доранд, бо Сипоснома ва туҳфаи пулии кумита сарфароз гардонида шуданд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш