Нашрияи Омӯзгор

Вазифаҳо мушаххас гардиданд

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки аъзои Шӯро ва сардорони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии сардори Хадамот Абураҳим Қурбонов оғоз ёфт.

Сармутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Марҳабо Маъмурова, Баҳоваддин Хоҷаев ва Акрамҷон Аслонов аз натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент, натиҷаи ҷамъбасти рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси нишондиҳандаҳо гузориш доданд.

Санҷиши аттестатсияҳо нишон дод, ки ҳанӯз дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда фаъолият ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуда, ҳамзамон пояи моддиву техникии муассисаҳо заиф аст. Дар суханронии муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оид ба омодагии муассисаҳои таълимии вилоят ба низоми нави қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, ҳолати китобхонаҳо ва натиҷагирӣ аз озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, вазъи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба маъракаи сиёсии интихобот андешаҳо баён шуданд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш