Мувофиқи фармоиши директори Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар давоми моҳи октябр ва аввали моҳи ноябри соли 2019 бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони назди ММТ дар ҳамкорӣ бо раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод имтиҳонҳои озмоишӣ гузаронида шуд. Тавре ки сардори бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон А. Ятимов зимни суҳбат ба мо иттилоъ дод:
- Ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ, ки дар онҳо танҳо хатмкунандагони синфҳои 11 иштирок мекунанд, шинос кардани ҳатмкунандагон бо тартиби имтиҳонхои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳо аст. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки қисми зиёди довталабон ҳангоми супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ аз надонистан ва сарфаҳм нарафтани варақаи ҷавобҳо ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Бояд қайд кард, ки дар имтиҳонҳои озмоишӣ китобчаҳои тести қисми А (имтиҳони умумӣ), ки се субтест - забони тоҷикӣ, математика ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад, инчунин, варақаҳои ҷавобҳо ба иштирокдорон дар шакле дар имтиҳонҳои воқеӣ истифода мешаванд, пешниҳод мегарданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр