Нашрияи Омӯзгор

 Ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла, аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимии хусусӣ, воқеъ дар маҳаллаи Боқӣ Раҳимзода дидан намуданд. Муассисаи хусусӣ, ки муассисаш соҳибкори маҳаллӣ Б. Назаров мебошад, аз бинои таълимии дуқабатаи дорои 14 синфхона иборат буда, барои таҳсили 240 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмониро ҶДДМ «Тарроҳ» дар масоҳати 0,70 га замин бурда истодаанд. Ҳамзамон, Сарвазири мамлакат бо раванди корҳои сохтмонии бинои муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» шинос шуд. Бояд қайд намуд, ки бинои мазкур аз 5 ошёна иборат буда, дорои 43 ҳуҷра мебошад. Дар ояндаи наздик дар бинои навсохт 500 нафар донишҷӯ дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Сипас, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои 9-ошёнаи хобгоҳи коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб барои 700 нафар ҷойи нишаст, ки бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд мешавад, шинос гардида, ҳамзамон, таъкид намуд, ки бояд ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда бо дарназардошти хизматрасонии муосир ва талаботи меъморию сохтмонӣ бунёд карда шаванд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш