Нашрияи Омӯзгор

Пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Мусобиқаи варзишии Ҷоми ҷаҳон оид ба карате до шотокан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз 14 то 15 декабри соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 714 варзишгар аз 14 мамлакати дунё иштирок доштанд. Аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар варзишгар дар ин сабқат довталаб буданд. Боиси хушнудист, ки 2 нафар варзишгар аз ноҳияи Рашт – Искандаршо Шарифов ва Муҳаммадсобири Муҳаммадсодиқ дар мусобиқаи зикрёфта бомуваффақият ширкат варзида, сазовори ҷойҳои аввалу сеюм гардиданд. Пас аз бозгашти ин паҳлавонон раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода онҳоро бо туҳфаҳои хотиравию ифтихорномаҳо сазовор гардонд.

Мирзосафар Ризвонов,

рӯзноманигор, ноҳияи Рашт 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш